Шоҳҷоизаи "Нигоҳи нав" соҳиби худро наёфт

Дуввумин ҷашнвора озмуни теотри ҷавонон таҳти унвони "Нигоҳи нав" шоми рӯзи чоршанбе 22 май дар толори теотри русии ба номи Маяковский, ки панҷ рӯз идома дошт, ба поён расид.
Аъзои ҳакамони ин ҷашнвора шоҳҷоизаро ба ҳеҷ яке аз намоишномаҳо лоиқ надиданд ва ин ҷашнвора бе эътои шоҳҷоиза поён ёфт.
Ҳамчунин аъзои ҳакамони ин ҷашнвора ҷоизаҳо дар бахшҳои "беҳтарин оҳанг" ва "беҳтарин ороишгари руй"- ро низ лағв карданд.
Теъдоди бештари ҷавоизи ин ҷашнвораро намоишномаи "Оҳ агар зинда мебудам", ки ҷавонони эҷодкори гурӯҳе таҳти унвони "Порс", донишҷӯёни соли сеюми Донишкадаи ҳунарҳои зебои ба номи Мирз Турсунзода таҳия карда буданд, дарёфт кард.
Ин намоишнома ҷоизаи беҳтарин коргардон, беҳтарин намоишнома аз нигоҳи тамошобин, беҳтарин ороиши саҳна ва беҳтарин ороиши нурандозии саҳнаро дарёфт кард.
Ҷоизаи беҳтарин нақши занро Заррина Бадалова барои иҷрои нақш дар намоишномаи "Замоне барои ишқ" ба худаш ихтисос дод
Ҷоизаи беҳтарин нақши мард насиби Меҳроҷ Абдулозода ва ҷоизаи беҳтарин нақши лаҳзавиро Иноят Султонов аз намоишномаи "Бадният", ки донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд таҳия намуданд, ба худашон ихтисос доданд
Қурбони Собир ҳунарпешаи теотри Лоҳутӣ мегӯяд: "Албатта дар ин ҷашнвора намоишҳое низ буданд, ки мушкили зиёде доштанд, аммо ба далели тангии вақт бачаҳо натавонистанд омодагии хубе бубинанд.
"Ҳоло агар мубтакирони ин ҷашнвора қарорашон қатъӣ бошад, ки соли дигар низ ин ҷашнвораро баргузор мекунанд, бовар дорам, ки ҷавонон талоши бештар мекунанд ва барномаҳои беҳтару баландтаре пешниҳоди ҷашнвораи сеюми "Нигоҳи нав" мекунанд."
Оқои Собир дар идомаи суҳбаташ пешниҳод кард, ки бигузор донишҷӯёни Донишгоҳи ҳунарҳои зебо, донишгоҳи милли, донишгоҳҳои Хуҷанду Хоруғу Хатлон ба таври ҳатмӣ намоишнома таҳия кунанд ва дар ин ҷашнвора ширкат кунанд.
Аммо Қамариддин Мирзоев, ҳунарпешаи теотр мегӯяд эъто нашудани шоҳҷоиза дар ин ҷашнвора ҷавононро боз ҳам бештар ташвиқ мекунад, ки намоишномаи беҳтаре таҳия кунанд, ки лоиқи шоҳҷоиза бошанд. "Миёни ин ҷавонон буданд онҳое, ки агар онҳоро дилшикаста накунанд ва дар ин росто ба онҳо кумак кунанд дар воқеъ метавонанд на камтар аз ҳунарпешаҳои шинохтаи мо дар саҳна бо ҳунари худ ҷило диҳанд."
Шоҳҷамшед Раззоқзода, аз мубтакирони баргузории ин ҷашнвора мегӯяд аз баргузории ин ҷашнвора қаноатманд нест.
"Ман наметавонам гӯям, ки комилан ҳар ончи мо мехостем дар баргузории ин барнома ба ҳамааш даст ёфтем, аммо сарфи назар аз ҳамаи душвориҳо, ки садди роҳи мо шуданд, мо таҷрубаи хубе касб кардем."
Мубтакирони ин ҷашнвора мегӯянд бо се намоишномаи беҳтарини ин ҷашнвора "Бадният", "Оҳ агар зинда мебудам" ва "Замоне барои ишқ" дар моҳҳои оянда ба шаҳру навоҳии кишвар ба сафари ҳунарӣ мераванд.
Аммо аксари шикаткунандагони ин ҷашнвора бар он назар буданд, ки ба ҳар ҳол шоҳҷоиза дар ин ҷашнвора бояд соҳиби худро меёфт.
Давоми панҷ рӯз мубтакирони баргузории ин ҷашнвора шаш намоишномаи озмунӣ ва чаҳор намоишноми ғайри озмунӣ пешниҳоди аъзои ҳакамон ва алоқамандони ҷаҳони теотр намуданд.
Ҷашнвораи "Нигоҳи нав" бо ҳимояти молии Сандуқи Сурус ва Дафтари ҳамкории Суис дар Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳӣ ва Вазорати фарҳанги кишвар баргузор мешавад.
Нахустин ҷашнвора озмуни "Нигоҳи нав" дар соли 2012 баргузор шуда буд ва дар он намоишномаи "Модари аз тоқати таҳқир хаста"-и Муҳиддин Ҷӯраев аз ноҳияи Конибодом шоҳҷоизаи ин ҷашнвораро касб кард.
