Бонуи аввали Омрико ба Ойниҳол Бобоназарова ҷоиза эъто кард
Image copyrightBBC World ServiceМишел Убомо, бонуи аввали Омрико, ба Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдони саршинос ва номзади сабтиномнашудаи интихоботи риёсати ҷумҳурии гузаштаи Тоҷикистон, ҷоизаи байналмилалии “Шуҷоъати зан”-ро эъто кардааст.
Бино ба иттилоъи торнамои Вазорати хориҷаи Омрико, рӯзи сешанбеи 4 март маросими эътои ҷоиза ба хонум Бобоназарова ва нуҳ зани дигар, аз ҷумла Насрин Ориёхил аз Афғонистон, Руслана Лужученко аз Укройн ва бонувоне аз Ҳинд, Гурҷистон, Молӣ, Фуҷӣ ва кишварҳои дигар дар Вошингтун баргузор шуд.
Ойниҳол Бобоназарова, раҳбари созмони ғайридавлатии “Перстектива-Плюс” ва аз ҳуқуқдонҳои саршиноси Тоҷикистон аз ҷониби Ҳизби наҳзати исломӣ, ҳизби умдаи мухолифи давлат, ба унвони номзад ба интихоботи риёсати ҷумҳурии 6 ноябри 2013 дар Тоҷикистон пешниҳод шуда буд.
Аммо ба далели ҷамъоварӣ нашудани шумори мавриди ниёзи имзоҳои тарафдоронаш хонум Бобоназарова ба унвони номзад дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном нашуд.
Аҳзоби мухолифи наҳзати исломӣ ва сусиёл-демукроти Тоҷикистон интихоботи риёсати ҷумҳурии соли гузаштаро “ғайришаффоф ва ғайридемукротик” арзёбӣ карда буданд.
Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Урупо (САҲУ) ва Омрико ин интихоботро “ғайришаффоф ва ғайриозод” хонда ва таъкид доштанд, ки раъйдиҳандагони Тоҷикистон дар интихоботи риёсати ҷумҳурӣ имкони воқеъии интихобро надоштаанд.
Бахусус, ширкат надоштани Ойниҳол Бобоназарова, номзади мухолифони давлати Тоҷикистон, ин интихоботро камранг сохта ва рақобати ҷиддиро аз миён бурдааст.
Ҳамчунин, нозирони САҲУ фароҳам нашудани шароит барои ширкати муҳоҷирони кории тоҷик дар хориҷ аз кишвар барои ҷамъоварии имзо ба тарафдории номзадҳо ба мақоми раиси ҷумҳуриро навъе нақзи ҳуқуқи ин афрод арзёбӣ карданд.
Ин дар ҳолест, ки ҳайъати нозирони Ҷиргаи Кишварҳои Ҳамсуд дар нишасте матбӯъотӣ дар шаҳри Душанбе интихоботи риёсати ҷумҳурии Тоҷикистонро озод, шаффоф, демукротик ва борақобат арзёбӣ карданд.
Дар интихоботи риёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзи чаҳоршанбеи 6 ноябр баргузор шуд, Эмомалӣ Раҳмон бо касби 83,6 дарсади орои умумӣ дар миёни 5 рақиби худ, ки шахсиятҳое чандон матраҳе дар ҷомеъа нубуданд, пирӯз шуд.
