Алқоъида ҳар гуна иртиботе бо "Давлати исломии Ироқ ва Шом"-ро рад кард
Image copyrightAPАлқоъида ҳаргуна иртиботеро бо гурӯҳе, ки худро "Давлати исломии Ироқ ва Шом" мавсум ба (ДОАШ) мехонад, рад кардааст.
Гуфта мешавад, ки ДОАШ омили даргириҳои маргбор бо шӯришиёни мухолифи давлат дар Сурия ҳаст.
Дар ҳамин робита Алқоъида дар баёнияе, ки иддаъо мешавад ба нақл аз Аймон Алзавоҳирӣ, раҳбар Алқоъида аст, гуфта, ки Давлати исломии Ироқ ва Шом "шуъбае аз Алқоъида нест".
Дар ин баёния ҳамчунин гуфта шуда, ки "Алқоъида масъули иқдомоти ДОАШ нест."
Дар моҳи майи соли гузашта раҳбари Алқоъида талоши шохае аз ин гурӯҳ дар Ироқро барои пайвастан ба ҷабҳаи Аннусра дар Сурия рад кард.
Аз он замон ДОАШ ба далели ҳамалоташ ба пайкорҷӯёни мухолифи давлати Сурия ва озор расондан ба ҳомиёни ғайринизомии мухолифон маҳкум шудааст.
Бар асоси гузоришҳои дарёфтӣ беш аз 2300 нафар дар ҷараёни ҷанг дар Сурия ва рӯёрӯи пайкорҷӯёни хориҷии вобаста ба Давлати исломии Ироқ ва Шом бо шӯришиёне, ки аз ҳимояти Ғарб ва гурӯҳҳои исломӣ бархурдоранд, кушта шуданд.
Рӯзи гузашта (якшанбеи 2 феврал) дастикам 14 шӯришии исломгарои мухолифи давлати Сурия пас аз он ки як бумбгузори интиҳории вобаста ба ДОАШ худро дар марокизи шӯришиён дар шаҳри Ҳалаб мунфаҷир кард, кушта шуданд.
Рӯзи шанбе (аввали феврал) ҳам 26 нафар аз ҷумла чандин нафар аз мақомоти аршади низомии Тайпи тавҳид дар шаҳри Ҳалаб дар ҷараёни ду ҳамлаи интиҳории гурӯҳи ДОАШ кушта шуданд.
Пайкорҷӯёни давлати исломии Ироқ ва Шом ҳамчунин дар моҳи гузашта кунтрули шаҳри Фаллуҷаро дар Ироқ ба даст гирифта ва дар ҳоли ҳозир бо нерӯҳои давлатии Ироқ дар ҷанг ҳастанд.
ДОАШ созмоне бо тафаккури бунёдгароёна аст, ки дар ҳоли ҳозир нақши таъсиргузореро дар таҳаввулоти минтақа ифо мекунад.
