Дидори раиси ҷумҳурии Чин аз Ӯзбакистон

Ши Женпинг, раиси ҷумҳурии Чин, бо як дидори расмии дурӯза вориди шаҳри Тошканд шуд.
Дар назар аст, рӯзи душанбеи 9 сентябр, оқои Женпинг бо Ислом Каримов, ҳамтои ӯзбаки худ дидор ва масоили марбут ба тавсеъаи ҳамкориҳо дар бахшҳои энержӣ, бахусус, интиқоли гози Ӯзбакистон ба Чин, тарҳи бунёди роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Ӯзбакистон ва масоили дигари сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва амниятиро баррасӣ кунад.
Зимнан, дар соли гузашта равобити миёни Чин ва Ӯзбакистон ба сатҳи шарикии истротежӣ расида ва ҳамкориҳо миёни ин ду кишвар дар бахшҳои мухталиф дар ҳоли густариш будааст.
Дидори раҳбари Чин аз кишварҳои Осиёи Марказӣ 3 сентябри соли ҷорӣ бо дидори расмӣ аз Туркманистон шурӯъ шуда ва дар ҷараёни ин дидор лӯлаи интиқоли гоз аз маъдани “Қалқамиш”-и Туркманистон ба Чин ифтитоҳ гардид.
Ҳамчунин, Ши Женпинг ва Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, руасои ҷумҳурии Чин ва Туркманистон дар заминаи судури гози табиъӣ аз Туркманистон ба Чин мувофиқатномаеро имзо карданд.
Тибқи ин санад дар соли 2020 мизони интиқоли гоз аз Туркманистон ба Чин то ба 65 милёрд метри мукааб дар як сол афзоиш хоҳад ёфт.
Феълан тавассути лӯлаи интиқоли гозе, ки дар моҳи декабри соли 2009 бунёд шуда буд, ин кишвар ба Чин солиёна ба миқдори 40 милёрд метри мукааб гоз содир мекунад. 25 милёрди метри мукааби ин гоз аз маъдани “Қалқамкиш” истихроҷ мешавад, ки ин маъдан бо сармояи 8 милёрддулории Чин мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст.
Раиси ҷумҳурии Чин пас аз ширкат дар ҳамоиши “20 кишвари пешрафтаи ҷаҳон” дар шаҳри Санкт-Питерсбурги Русия дар рӯзҳои 5 ва 6 сентябри соли ҷорӣ вориди Қазоқистон шуд.
Дар ҷараёни ин дидор Чин саҳмияи маъдани нафт дар дарёи Хазари ин кишварро, ки ҳазинааш болиғ ба 5 милёрд дулор арзёбӣ мешавад, харидорӣ кард.
Ду рӯзе қабл, Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳурии Қазоқистон, пас аз дидору гуфтугӯ бо Ши Женпинг, раиси ҷумҳурии Чин, ба хабарнигорон гуфт, интизор меравад, дар чанд соли оянда миёни ин ду кишвар 22 санади ҳамкорӣ бо ҳазинаи 30 милёрд дулор имзо шавад.
Дар поёни дидораш аз Ӯзбакистон оқои Женпинг ба Қирғизистон сафар карда ва дар ҷаласаи 13-уми Шӯрои сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой дар шаҳри Бишкек дар рӯзи ҷумъаи 13 сентябр ширкат хоҳад кард.
Ба гуфтаи коршиносон, Осиёи Марказӣ барои Чин ҳамчун манобеъи бузурги маводди хом ва бозори маҳсулоти санъатии ин кишвар арзёбӣ мешавад. Аз ин лиҳоз, Чин ба тавсеъаи бештари ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо ин кишварҳо алоқаманд буда ва ба иқтисоди мамолики Осиёи Марказӣ сармояи ҳангуфте ворид кардааст.
Пас аз интихоби Ши Жинпинг, ба мақоми раиси ҷумҳурии Чин дар моҳи марти соли ҷорӣ ин сеюмин дидори хориҷии ӯ маҳсуб мешавад. Раҳбари Чин дар авохири моҳи март аз Русия ва кишварҳои Офриқо дидор карда ва дар моҳи июн ба Омрикои Ҷанубӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Омрико сафар карда буд.
