Оғози иҷлоси сарони Чину Омрико дар Колифорниё

Борок Убомо, раиҷи ҷумҳури Омрико ва Ши Ҷинпинг, ҳамтои чинии ӯ иҷлоси дурӯзаи худро дар Колифорниё оғоз карданд.
Сарони ду кишвар аз шаклгирии равобит ва ҳамкориҳои ҷадид ва ҳалли ихтилофот сӯҳбат кардаанд.
Онҳо гуфтанд, чунин равобите барои кулли ҷаҳон ҳаётӣ аст ва ба ҳамин далел буд, ки тасмим гирифтанд дар аввалин фурсати мумкин бо ҳам дидор кунанд.
Оқои Убому гуфт, муҳимм аст, ки музокироти ду кишвар бепарда бошад. Вай дар ин маврид ба ихтилофоти ду кишвар дар минтақаи Уқёнуси Ором, ҷоҳталабиҳои ҳастаии Куреи Шимолӣ ва ҷароим ва ҷосусии интернетӣ ишора кард.
Омрико Ҷинро ба сирқати асрори низомӣ ва тиҷориаш дар абъоди васеъ муттаҳам мекунад ва Чин низ муътақид аст, ки ҳалқаи муҳосираи Омрико алайҳи манофеъаш дар Шарқи Осиё дар ҳоли тангтар шудан аст.
Аз се моҳи пеш ки оқои Ши раиси ҷумҳурии Чин шуд, ин аввалин дидори ӯ ва раиси ҷумҳурии Омрико аст.
Сарони Чину Омрико дар ин дидор ором ба назар мерасиданд, рафторашон ғайрирасмӣ буд ва бо ҳам даст доданд.
Борок Убомо гуфт: “Омрико аз зуҳури як Чини ором истиқбол мекунад ва хоҳони як назми иқтисодӣ аст, ки қавоиди бозӣ дар он барои ҳама кишварҳо яксон бошад.”
Оқои Убомо ҳамчунин хоҳони ҳамкории ду кишвар дар мавзӯъи амнияти фазои маҷозӣ шуд.
Раиси ҷумҳурии Чин низ гуфт, ӯ ва оқои Убомо барои тарсими равобити ояндаи ду кишвар бо ҳам дидор кардаанд.
Қонунгузорон ва гурӯҳҳои тарафдори ҳуқуқи башар дар Омрико Борок Убоморо ташвиқ кардаанд, ки дар дидор бо ҳамтои чиниаш хоҳони озодии 16 зиндонии матраҳи ин кишвар шавад.
Борок Убомо ва Ши Ҷингпинг ҳудуди як сол пеш ҳам дар Кохи Сафед дидор карданд. Дар он замон оқои Ши муховини раҳбари Чин буд. Омрико ва Чин дар айни ҳол ки руқабои бузурги истротежики якдигаранд, манофеъи иқтисодии муштараки азиме доранд.
