Меркел ба Чин ваъдаи кумак дар ҳалли муноқишааш бо Иттиҳодияи Урупоро дод
Онгело Меркел, садри аъзами олмон изҳор доштааст, ки барои ҳалли муноқиша миёни Чин ва Иттиҳодияи Урупо ҳар талоши мумкинро анҷом хоҳад дод.
Ӯ дар ҷараёни сафари худ дар ин бора бо Лӣ Кичёнг, нахуствазири Чин гуфтугӯ кардааст.
Олмон яке аз муҳимтарин шарикони тиҷории Чин дар Урупо маҳсуб мешавад. Оқои Кичёнг тарҳи Кумиссиюни Урупо дар бораи вазъи молиёти болои гумрукӣ барои воридоти понелҳои хуршедӣ аз Чинро маҳкум кардааст.
