Зилзила дар Чин дастикам 47 кушта барҷой гузошт

  • 22 Июл, 2013
Image caption Дингжӣ дар ҷанубу шарқии устони Гансу воқеъ аст

Зилзилае ба қудрати шаш Риштер имрӯз шаҳри Дингжӣ дар устони Гансуи Чинро ларзонд ва бинобар гузоришҳо дастикам 47 нафар кушта ва 296 нафарт захмӣ шудаанд.

Ин зилзила ба 5600 хона хисороти ҷиддӣ ворид карда ва 380 сохтмон ҳам комилан фурӯ рехтаанд.

Зилзила дар соъати ҳафту чиҳилу панҷ дақиқаи субҳ ба вақти маҳаллӣ рух дод ва муассисаи таҳқиқоти ҷуғрофиёии Омрико қудрати онро 5.98 ва умқи онро 9.8 килуметр тахмин задааст.

Аммо муассисаи зилзиланигории Чин қудрати зилзиларо 6.6 Риштер ва яке аз пасларзаҳоро 5.6 Риштер арзёбӣ карда. Ин марказ умқи зилзиларо бист килуметр тахмин зада ,дар ҳоле ки мақомоти маҳаллӣ умқи онро 6 килуемтр зикр кардаанд.

Ларзши зилзила то фосилаи 400 килуметрии маркази он эҳсос шуда ва бо таваҷҷуҳ ба сатҳӣ будани он интизор меравад вайрониҳо васеъ бошанд.

Устони Гансу дар шимоли ғарбии Чин, бо 26 милюн нафар яке аз пурҷамъияттарин устонҳои Чин аст ва минтақаи Дингжӣ ҳудуди 2.7 милюн нафар ҷамъият дорад.

Бинобар гузоришҳо ҳафт шаҳри ин устон осеб дидаанд ва ба гуфтаи яке аз хабарнигорони ҳозир дар минтақа дар баъзе мотиқи бист дарсади хонаҳо тахриб шудаанд.

Гуфта мешавад бештарин тахриб дар манотиқи дурафтодаи устони кӯҳистонии Гансу рух дода бошад, ки дастарасӣ ба онҳо душвор аст.

Тонг Жиёуминг шаҳрдори Дингжӣ ба телевизиюни давлатии Чин гуфт мизони тахриб дар манотиқи Жонгумин бештар аз соири манотиқ буда ва барқу мубойл дар ин манотиқ қатъ шудааст.

Ба гузориши хабаргузории Шинҳуои Чин зилзила боъиси рониши замин ва гили зиёд дар минтақа шудааст.

Хабарнигори Би-би-сӣ дар Пекан мегӯяд амалиёти имдод бо эъзоми садҳо сарбоз, нерӯҳои вижаи имдод ва сагҳои таълимдидаву ирсоли чодуру пату ба минтақа оғоз шуда ва мақомоти кишварӣ барои арзёбии хисорот ба минтақа азимат кардаанд.

Дар авоили соли ҷории мелодӣ дусад нафар дар зилзилаи устони Сичуон кушта шуданд.

Бадтарин зилзилаи Чин (7.9 Риштер) дар солҳои ахир дар соли 2008 дар устони Сичуон рух дод, ки 90000 кушта ва митлюнҳо овора бар ҷой гузошт

Матолиби муртабит