Кушта шудани беш аз 100 нафар бар асари оташсӯзӣ дар Чин

  • 3 Июн, 2013
Чин
Image caption Дар ин корхона беш аз 1000 нафар кор мекарданд

Бар асоси эъломи мақомоти расмии Чин, оташсӯзӣ дар як мурғдории санъатӣ (корхонаи паррандапарварӣ) дар шаҳри Даҳуйӣ дар устони Ҷилин ҷони 119 нафарро гирифт.

Ба гузориши хабаргузории Шинҳувои (Синхуа) Чин, ин оташсӯзӣ дар соъати аввали рӯзи душанбеи 3 июн оғоз шудааст. Ба гуфтаи манобеъи маҳаллӣ, маъмурони имдод дар маҳалли ҳодиса ҳозир ҳастанд, аммо ҳанӯз оташ муҳор нашудааст.

Бино ба гузоришҳо, се инфиҷор дар системи барқи ин корхона мунҷар ба оташсӯзӣ шудааст.

Ин маргбортарин ҳодисаи оташсӯзӣ аз соли 2000 дар Чин аст, ки дар он ҳодиса 309 нафар дар солуни рақсӣ дар устони Ҳанон ҷони худро аз даст доданд.

Шин Ҳуво мегӯяд, сад коргар тавонистанд аз маҳалли оташсӯзӣ фарор кунанд, "нақшаи сохти ин бино ту дар ту (дарун ба дарун) аст" ва роҳҳои хуруҷи ин сохтмон бисёр борик аст ва ҳамин масъала амалиёти имдодрасониро сахт кардааст.

Ин хабаргузорӣ, ҳамчунин, гуфтааст, теъдоди коргароне, ки дар дохили ин муҳавата ҳастанд, ҳанӯз мушаххас нест ва далели ин оташсӯзӣ дар дасти баррасӣ аст.

Маҷруҳони ин ҳодиса ба бемористон мунтақил шудаанд ва ҳанӯз омори дақиқе аз теъдоди маҷрӯҳон эълом нашудааст.

Коргароне, ки бо телевизиюни миллии Чин гуфтугӯ карданд, мегӯянд, ин оташсӯзӣ дар Чин ба ҳангоми тағйири шифт (смена) иттифоқ афтода ва эҳтимолан аз рахткан (раздевальная) шурӯъ шудааст.

Бар асоси гузоришҳо, ин компании бузурги тавлиди мурғ беш аз ҳазор нафар коргар дар ихтиёри худ дорад.

Тасовире, ки дар веб-сойтҳои чинӣ ба намоиш даромада, нишон медиҳад, ки дуди ғализе аз муҳаввата ба ҳаво бархоста ва шарораҳои оташ низ дар ин минтақа дида мешавад.

Ҷон Истуворд, гузоришгари Би-би-сӣ дар Шонгҳой мегӯяд, истондорди амният дар маҳаллҳои кор дар Чин бисёр поён аст ва ҳамеша ҳодисоти марговар аз корхонаҳо ва маъодин гузориш мешавад.

Ин корхонаи паррандапарварӣ дар 800 килуметрии шимолу шарқи Пекан воқеъ аст.

Матолиби муртабит