Инфиҷори маъдани зуғолсанг дар Чин 27 кушта бар ҷой гузошт

  • 12 Май, 2013
Image caption То кунун 81 нафар аз коргарони маъдан тавассути нерӯҳои имдодӣ наҷот ёфтаанд

Расонаҳои давлатӣ дар Чин гузориш додаанд, ки 27 нафар дар асари инфиҷор дар як маъдани зуғолсанг дар ҷануби ғарби он кишвар кушта шудаанд.

Хабаргузории расмии Шинҳуо гуфтааст, ки инфиҷор дар маъдане дар Лужу, дар устони Сичуон иттифоқ уфтод.

Мақомоти маҳаллӣ гуфтаанд, ки дар замони инфиҷор беш аз 100 коргар дар умқи маъдан кор мекарданд.

То кунун 81 нафар аз коргарони маъдан тавассути нерӯҳои имдодӣ наҷот ёфтаанд, ки 16 нафар аз онон дар асари инфиҷор маҷруҳ шудаанд.

Ин ҳодиса , ки асри рӯзи шанбе иттифоқ уфтод, дувумин инфиҷор дар маъдан дар тули 24 соъат будааст. Рӯзи ҷумъа низ 12 коргар дар асари инфиҷори гоз дар як маъдани зуғолсанг дар устони Гуйжу дар ҷануби ғарби Чин ҷони худро аз даст доданд.

Дар моҳи гузашта (апрел) низ инфиҷор дар як маъдани зуғолсанг дар устони Ҷилин дар шимоли шарқи Чин 18 кушта ва 12 маҷруҳ бар ҷой гузошт.

Маъодини зуғолсанг дар Чин алорағми изҳороти масъулони он кишвар мабнӣ бар беҳбуд додани истондордҳои эманӣ ҳамчунон хатарофарин ҳастанд.

Дар соли гузаштаи мелодӣ беш аз 1300 нафар дар он кишвар дар маъодини зуғолсанг ҷони худро аз даст доданд.

Мақомоти давлатии Чин маъмулан адами пайравӣ аз муқаррароти эманиро далели маргу мир дар маъодини он кишвар эълом мекунанд.

Матолиби муртабит