Даргирии маргбор дар Синкёнги Чин талафоте бар ҷой гузошт

Расонаҳои давлатии Чин мегӯянд ҳаддиақал 21 нафар аз ҷумла чандин пулис дар даргириҳо дар устони Синкёнг дар ғарби ин кишвар кушта шудаанд.
Даргирии мусаллаҳонаи рӯзи сешанбе дар Моролбешӣ дар Кошғар замоне рӯй дод, ки пулис дар ҳоли бозрасӣ аз манозили афроди маҳаллӣ буд, ки занни он мерафт дар хонаҳои худ силоҳ дошта бошанд.
Аксари сокинони ин минтақаро ҷамъияти уйғури мусалмони Чин ташкил медиҳанд ва ин минтақа борҳо шоҳиди танишҳоии қавмӣ будааст.
Расонаҳои давлатӣ аз ин даргирӣҳо ба унвони ҳодисаи терруристӣ ёд карда ва гуфтаанд, ки ҳашт нафар аз муҳоҷимон боздошт шудаанд.
Даҳ нафар аз кушташудагон ки аз аъзои пулис буданд, аз ақаллияти уйғур ҳастанд.
Синкёнг дар гузаштаи низ шоҳиди хушунатҳо будааст.
Дар соли 2009 дар даргирии миёни ақаллияти уйғури ин устон ва аксарияти чиниҳои Ҳон наздик ба 200 нафар кушта шуданд.
Селиё Ҳота , хабарнигори Би-би-сӣ мегӯяд таъйиди гузоришҳои расида аз Синкёнг кори бисёр душворе аст. Хабарнигорони хориҷӣ муҷоз ба сафар ба ин минтақа ҳастанд, аммо ба ҳангоми талош барои таъйиди ахбори марбут ба танишҳои қавмӣ ва хушунатҳои созмонёфта алайҳи мақомҳои давлатӣ, мавриди таҳдид ва иръоб қарор мегиранд.
Хабарнигори Би-би-сӣ мегӯяд идораи таблиғоти Чин ба расонаҳои дохилии ин кишвар дар мавриди ироаи гузоришҳои мустақил аз устони Синкёнг ҳушдор дода ва ба онҳо дастур дода то гузоришҳо ва ахбори расмиро аз расонаҳои давлатӣ нақл кунанд.
