Хашми корбарони интернет аз рафтори як ҷаҳонгарди ҷавон дар Чин
Корбарони интернет дар Чин хабар ёфтаанд, ки як навҷавони чинӣ рӯйи яке аз осори бостонии Миср навиштаҳои гузоштааст.
Ин навҷавон навиштааст: "Ҷинг Ҷинҳоу ин ҷо буд." Аксҳои ин навишта дар шабакаи интернет пайдо шуд ва боъиси туғёни хашму инзиҷори корбарони интернет дар Чин шуд.
Волидайни ин навҷавон аз бобати рафтори фарзанди худ пӯзиш хостаанд.
Бо рушди иқтисодии Чин шумори рӯзафзуни мардуми ин кишвар ба кишварҳои мухталиф ба унвони ҷаҳонгард сафар мекунанд, вале гоҳо рафтори ин ҷаҳонгардон муҷиби хашми мардуми Чин мешавад.
Мақомоти Чин ахиран баъзе аз рафторҳои ҷаҳонгардони ин кишвар аз қабили ҳуштак кашидан ва баланд сухан гуфтан дар амокини умумиро маҳкум карданд.
