Боришоти шадид дар Чин ҷони беш аз 90 нафарро гирифт
Боронҳои сел дар шимоли шарқ ва ҷануби Чин боъиси сарозер шудани сел шудааст, ки дар пайи он дастикам 90 нафар ҷони худро аз даст додаанд.
Тибқи гузоришҳои расонаҳои чинӣ ҳазорҳо нафар хонаҳои селзадаи худро тарк кардаанд. Баланд шудани сатҳи оби рӯдхонаҳо дар се вилоят дар шимоли шарқ боъиси зери об мондани соҳилҳо ва чандин манотиқи маскунӣ шудааст.
Даҳҳо нафар бенишон шудаанд.
Дар ҷануби кишвар обхезӣ боъиси қатъи кори васоили нақлия дар вилояти Гуондун шудааст. Ҳафтаи гузашта боришоди шадид дар ин вилоят ҷони 10 нафарро гирифт.
