Кашфи катибаи 5000-сола дар Чин

  • 11 Июл, 2013

Бостоншиносон дар шарқи Чин катибаеро кашф карданд, ки метавонад ба таври қобили мулоҳиза таърихи пайдоиши осори хаттии Чиниро такмил кунад.

Ба гуфтаи муҳаққиқон навиштаҷот рӯйи ин бозёфтҳо 5000 сол қабл, дар даврони навсангӣ дарҷ шудааст.

То ҳоло қадимтарин осори хаттии Чин устухонҳои ҳайвонот маҳсуб мешуд, ки таърихи нигориши рӯйи онҳо ба ҳудуди 3600 сол пеш бар мегардад.