Таъкиди СММ ба риъояти таҳримҳо алайҳи Эрон аз сӯйи Тоҷикистон

  • 21 Июн, 2013
Таҳримҳо
Image caption Акс аз вебсойти Утоқи бозаргонии Тоҷикистон

Як ҳайъати коршиносони Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид бо масъулони Утоқи бозаргонии Тоҷикистон мавзӯъи риъояти таҳримҳои СММ алайҳи Эронро аз ҷониби корхонаҳою тоҷирони тоҷик матраҳ кардааст.

Ин ҳайъат ба Утоқи бозаргонии Тоҷикистон тавсия кардааст, ки ба аъзои худ, ки ҳудуди 600 муассиса аз сохторҳои бонкӣ ва бахши хусусиро ташкил медиҳад, муқаррароти Қатънома дар бораи таҳримҳои Созмони Милал алайҳи Эронро шарҳ бидиҳанд.

Дар гузориши вебсойти Утоқи бозаргонии Тоҷикистон дар ин бора омадааст, ки ҳайъати коршиносони СММ дар мулоқот бо масъулони ин утоқ рӯзи 13-уми июн ба масоили марбут ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ миёни Тоҷикистону Эрон ва табодули коло миёни ин ду кишвар таваҷҷӯҳ кардааст.

Бино ба иттилоъи манобеъи Утоқи бозаргонии Тоҷикистон, ҳайъати Шӯрои Амнияти СММ аз коршиносон Салома Зурабишвили, Елена Водопалова ва Томас Мазе мураккаб буда ва ин ҳайъат бо Асаналӣ Карамалиев, муъовини раиси утоқи бозаргонии Тоҷикистон дидору гуфтугӯ кардааст.

Дар хабари утоқи бозаргонии Тоҷикистон омадааст, ки оқои Карамалиев ба ҳайъати коршиносони Ш\рои Амният гуфтааст, ки Тоҷикистон бо Эрон ҳамкориҳои ҳасанаи иқтисодию тиҷоратӣ дошта ва Эрон дар ҳамкорӣ бо Утоқи бозаргонӣ дар Тоҷикистон намоишгоҳҳои муштарак ва ҳамоишҳои бозаргонони эронию тоҷикро баргузор мекунад.

Гуфта шудааст, ки ҳоло дар Тоҷикистон ҳудуди 200 ширкати Эрон фаъолият карда ва мизони табодули коло миёни ду кишвар дар соли гузашта болиғ ба 217 милюн дулор будааст.

Ҳамчунин, Эрон дар Тоҷикистон тарҳҳои бузургеро, назири нерӯгоҳи “Сангтӯда-2” ва тунели “Истиқлол” сармоягузорӣ кардааст.

Бино ба гузориши Утоқи бозаргонии Тоҷикистон, ҳайъати коршиносони Шӯрои Амнияти СММ саволҳоеро дар бораи анвоъи содирот ва воридоти Тоҷикистон бо Эрон ва наҳваи муъомилоти молии ин доду гирифтҳо матраҳ кардааст.

Тоҷикистон ба Эрон умдатан панбаю олюминиям содир карда ва аз ин кишвар маводди ғизоӣ, қолин, порча, таҷҳизоти барқӣ ва ҷавоҳирот ворид мекунад. Утоқи бозаргонии Тоҷикистон таъкид карда, ки раванди содироту воридот миёни Тоҷикистону Эрон дар чаҳорчӯби қавонини ин кишвар ва меъёрҳои байналмилалӣ сурат мегирад.

Бо ин вуҷуд ҳайъати коршиносони СММ пешниҳод карда, ба манзури шарҳу тавзеҳи нуқоти Қатъномаҳо дар бораи таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид алайҳи Эрон, барои аъзои Утоқи бозаргонии Тоҷикистон семинор баргузор шавад.

Дар ҳамин ҳол, Шариф Раҳимзода, вазири рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон, дар нишасти хабарӣ дар моҳи январи соли ҷорӣ мизони хисоротеро, ки бар асари таҳримҳои Омрико алайҳи Эрон ба иқтисоди Тоҷикистон ворид шудааст, ҷиддӣ унвон карда буд.

Зимнан, дар канори таҳримҳои СММ Омрико низ дар қиболи корхонаҳою бонкҳои Эрон ва тоҷирони эронӣ таҳримҳо эъмол карда ва аз ҷумла, ширкати “Kont Investment"-и Тоҷикистонро низ ба феҳристи таҳримҳо шомил кард.

Муассиси бонки "Kont Investment" дар Тоҷикистон як ширкати туркӣ будааст, ки ба Бобак Занҷонӣ таъаллуқ доштааст. Бобак Занҷонӣ ва муассисаҳои муртабит бо ӯ ба пулшӯӣ барои давр задани таҳримҳои эъмолшуда алайҳи Эрон муттаҳам шудаанд.

Матолиби муртабит