Борис Немтсов, мухолифи давлати Русия кушта шуд

  • 28 Феврал, 2015
Борис НемтсовImage copyrightAFP
Image caption Борис Немтсов раҳбари мухолифони давлати Путин буд

Шаби гузашта Борис Немтcов, мухолифи сарсахти давлати Русия дар маркази шаҳри Маскав аз сӯйи фарди номаълум ба зарби гулӯла кушта шуд.

Михаил Касянов, нахуствазири пешини Русия ва ҳамраиси ҳизби мухолифи "РПР-Парнас" дар сӯҳбат бо хабаргузории РИА Новости мақомоти Кремлинро масъули ин қатл хондааст.

Борок Убомо, раиси ҷумҳурии Омрико, дар вокуниши ба қатли Борис Немтсов, раҳбари мухолифони давлати Русия, зимни маҳкум кардани он хостори расидагии "фаврӣ, бетарафона ва шаффоф"дар бораи марги ин сиёсатмадори мунтақиди Владимир Путин шуд.

Бино ба гузоришҳои мақомҳои Русия, як муҳоҷими ношинос ба оқои Немтсов дар ҳоле ки машғули қадам задан бо як зан дар ҳаволии Кохи Кремлин буда, аз пушт чаҳор бор шиллик карда ва ӯро аз пой даровардааст.

Дар паёми мунташиршуда тавассути Кохи Сафед, раиси ҷумҳурии Омрико аз оқои Немтсов ба унвони "фаъолии хастагӣ нопазир, ки дар талош барои эҳёи ҳуқуқи машруъи мардумаш буд" ёд карда ва аз вай ба иллати "талошҳояш барои мубориза бо фасод" тамҷид кардааст.

Кремлин ҳам эълом карда, Владимир Путин, раиси ҷумҳурӣ қатли оқои Немтсовро маҳкум кардааст.

Ҳамзамон, Турбиён Ёглон, дабири Шӯрои Урупо, дар Твиттер навишта, ки аз қатли оқои Немтсов шигифтзада шуда ва хостори пайдо кардан ва муҷозоти омилони он шудааст.

Борис Немтсови 55-сола, дар даҳаи 1990, дар даврони раёсати Борис Елтсин, аз муъовинони нахуствазири Русия буд. Аммо бо рӯйи кор омадани Владимир Путин ӯ ба мутнақиди ҷиддии вай табдил шуд ва дар солҳои ахир аз вай ба унвони раҳбари мухолфони давлати Путин ёд мешуд.

Марги ӯ ҳамзамон шуд ба раҳпаймоии эътирозии мухолифони ҷанг дар Укройн, ки оқои Немтсов ҳам соъате қабл аз маргаш мардумро барои ширкат даъват карда буд. Ин раҳпаймоӣ қарор аст рӯзи якшанбе 1 март баргузор шавад.

Оқои Немтсов дар яке аз охирин мусоҳибаҳояш дар рӯзи 10 феврали соли ҷорӣ гуфта буд, метарсад Владимир Путин ӯро ба иллати мухолифат бо ҷанг дар Укройн "бикушад".

Матолиби муртабит