Шаҳрванди тоҷик дар Русия зиндонӣ шуд
Додгоҳи ноҳияи Лефортовои шаҳри Маскав як шаҳрванди Тоҷикистонро ба иттиҳоми "қотилӣ" ба муддати 12 сол равонаи зиндон кард.
Бино ба иттилоъи дафтари матбуъоти додситонии шаҳри Маскав, рӯзи 12 декабри соли 2012 Фарҳодҷон Ҷӯраеви 23-сола бо дӯстонаш дар истгоҳи "Крестянская Застава"-и метрои Маскав бо мусофире муноқиша карда ва сипас, ба қисмати сина, шикам ва қабурғаимусофир бо корд зарба задааст.
Ба гуфтаи ин манбаъ, мусофири маҷрӯҳ дар роҳи бемористон фавт кардааст.
Бар асоси ҳукми додгоҳ, Фарҳодҷон Ҷӯраев муддати маҳкумиятро дар зиндони низомаш пурзӯри шаҳри Маскав сипарӣ хоҳад кард.
Зимнан, дар соли гузашта додгоҳе дар шаҳри Воронежи Русия ду шаҳрванди Тоҷикистонро ба иттиҳоми қочоқи маводди мухаддир ба муддати 8 ва 10 сол равонаи зиндон карда буд.
бино ба иттилоъи дафтари матбуъоти додситонии шаҳри Воронеж, Ботиралӣ Рӯзиеви 32 сола ва Фарҳод Файзиеви 34-сола дар махфигоҳе дар шаҳри Воронеж ба миқдори зиёд ҳеруинро нигаҳдорӣ карда ва аз тариқи системи пардохти давлатӣ ҳеруинро ба “муштарӣ”-ҳо ба фурӯш расондаанд.
