Ҷангандаҳои Бритониё дар вокуниш ба мушоҳидаи ду ҳавопаймои русӣ ба парвоз даромаданд

  • 19 Феврал, 2015
Image copyrightAFP
Image caption Ҳавопаймоҳои русӣ дар ҳеч замоние вориди ҳарими ҳавоии Бритониё нашуданд.

Ҷетҳои ҷангандаи нерӯи ҳавоии Бритониё рӯзи чаҳоршанбе, 18 феврал пас аз дида шудани ду фарванд ҳавопаймои низомии Русия дар наздикии савоҳили Бритониё ба парвоз даромаданд.

Як сухангӯи вазорати дифоъи Бритониё гуфт, ки ду ҳавопаймои русӣ дар наздикии соҳили Курнвол дида шуданд.

Ин сухангӯ афзуд, ки ҳавопаймоҳои русӣ дар ҳеч замоние вориди ҳарими ҳавоии Бритониё нашуданд.

Хабарнигори Би-би-сӣ мегӯяд наздик шудани ҳавопаймоҳои русӣ барои намоиши қудрати ин кишвар сурат гирифтааст.

Ҷангандаҳои Бритониё ҳавопаймоҳои русиро ба хориҷ аз манотиқе ҳидоят карданд, ки ба лиҳози истротежик барои Бритониё муҳим нест.

Вазорати дифоъи Бритониё гуфтааст ки ҷангандаҳои Тойфуни нерӯи ҳавоии салтанатии Бритониё пас аз он ки ҳавопаймоҳои русӣ дар наздикии ҳарими ҳавоии Бритониё мушоҳида шуданд, ба парвоз даромаданд.

Матолиби муртабит