Газпроми Русия: Укройн пули гозро напардохтааст

  • 24 Феврал, 2015
Image copyrightAFP
Image caption Ширкати Нафтугози Укройн мегӯяд баҳои гозро ба шуракои Газпром пардохтааст

Ширкати Газпроми Русия мегӯяд Укройн пули гозеро, ки бояд моҳи оянда таҳвил дода шавад, напардохта, ки ин масъала метавонад интиқоли гоз ба Урупоро ба хатар биандозад.

Газпром, ки давлати Русия молики умдаи саҳҳоми он аст, гуфтааст, ки Укройн танҳо барои ду рӯз гоз дорад.

Рӯзи душанбе, ширкати Нафтугози Укройн гуфт, ки баҳои гозро ба ширкати Газпром пардохтааст, аммо ин ширкати русӣ аз таҳвили гоз худдорӣ кардааст.

Ҳафтаи пеш Русия ба таври мустақим шуруъ ба ирсоли гоз ба манотиқи таҳти кунтрули шӯришиён дар шарқи Укройн кард. Давлати Укройн ирсоли гоз ба ин манотиқро мутаваққиф кардааст.

Дар ҳамин ҳол аз шарқи Укройн гузориш шуда, ки даргирӣ байни ҷудоиталабони тарафдори Русия ва нерӯҳои давлатии Укройн дар ин манотиқ ҳамчунон идома доранд. Идомаи ин даргириҳо ба рағми тавофуқи оташбасе аст, ки дар Мински Белорус имзо шудааст.

Нозирони байналмилалӣ, ки бар иҷрои ин тавофуқнома назорат доранд, гуфтаанд, ки мизони табодули оташи миёни нерӯҳои давлатии Укройн ва шӯришиёни мавриди ҳимояти Русия ба мизони қобили таваҷҷуҳе коҳиш ёфтааст.

Хабарнигори Би-би-сӣ дар шарқу Укройн мегӯяд, ки дар шабонарӯзи гузашта садои гулӯлаборони шадиде дар наздикии Дунетск шунида шудааст. Нозирони байналмилалӣ имкони баррасии вазъияти ин минтақаро надоштаанд.

Дар ҳамин ҳол Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия дар гуфтугӯ бо як шабакаи телевизиюнии Русия эҳтимоли вуқуъи ҷанг миёни Русия ва Укройнро баъид донистааст.

Оқои Путин бар ҳимояти худ аз тавофуқномаи оташбасе, ки дар Минск ба имзо расид, эълом карда ва онро беҳтарин роҳ барои босабот кардани шарқи Укройн хондааст.

Матолиби муртабит