Лаҳистон: Русия ҷараёни гозро коҳиш додааст
Image copyrightReutersЛаҳистон мегӯяд, ки Русия аз оғози ин ҳафта ҷараёни гози содиротии худ ба Лаҳистонро ба таври чашмгире коҳиш додааст.
Ширкати русии Газпром иддаъои пойин овардани гози содиротиро рад кардааст.
Ба гузориши хабаргузории давлатии Лаҳистон ҳаҷми гози воридотӣ аз Русия то 45 дарсад пойин омадааст.
Ба дунболи коҳиши ҳаҷми гози содиротии Русия, Лаҳистон ногузир шуда, ки ҷараёни гози Укройнро қатъ кунад.
Аз он ҷо, ки Русия аз чанд моҳ пеш содироти гоз ба Укройнро мутаваққиф кардааст, Укройн барои таъмини гози худ ба кишварҳои Урупои Шарқӣ вобаста аст.
Ислувокӣ ва Маҷористон гози бештаре ба Лаҳистон мефурӯшанд. Онҳо то кунун гузорише дар бораи коҳиши гози дарёфтӣ аз Русия надодаанд.
Ширкати лаҳистонии воридкунандаи гоз аз Русия мегӯяд вукало машғули баррасии вазъият ҳастанд, то дар сурати ниёз аз ширкати русии Газпром ба хотири нақзи маводе аз қарордод шикоят кунанд.
Равобити байни Русия ва кишварҳои ғарбӣ дар пайи буҳрони Укройн танишомез шудааст ва ду тараф ба боло бурдани тавони низомии худ даст задаанд.
Имрӯз Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия дастури оғози як монуври низомии васеъро содир кард, ки 65 ҳазор нафар аз нерӯҳои низомии ин кишвар дар он ҳузур хоҳанд дошт.
Ин монувр дар шарқи Русия ва дар минтақаи ҳаммарз бо Чин ва Жопун анҷом мегирад.
Русия дирӯз ҳам як мушаки ҳастаии байниқорраии ҷадиди худро озмоиш кард.
