Фаронса ба Русия дар мавриди ҳамлаи ҷудоиталабон ба шаҳри Мориупули Укройн ҳушдор дод

  • 25 Феврал, 2015
Image copyrightReuters
Image caption Шаҳри Мориупул 500 ҳазор нафар ҷамъият дорад ва давлати Укройн нигарон аст, ки ин шаҳр метавонад ҳадафи баъдии шӯришиён қарор гирад

Фаронса ба Русия ҳушдор дода, ки агар ҷудоиталабони шарқи Укройн ба шаҳри бандарии Мориупул дар минтақаи Дунетск ҳамла кунанд, таҳримҳои бештаре алайҳи ин кишвар вазъ хоҳанд шуд.

Лурен Фобиус, вазири умури хориҷаи Фаронса гуфтааст чунин ҳамлае авзоъро ба таври комил тағйир хоҳад дод. Дар пайи нишасте бо ширкати раисони ҷумҳурии Укройн, Русия ва Фаронса ва садраъзами Олмон аз шанбеи ҳафтаи пеш оташбас дар ҷанги байни нерӯҳои давлатӣ ва шӯришиён эълом шуда, аммо даргириҳои пароканда байни ду тараф идома доштааст.

Укройн гуфтааст, ки Русия ва ҷудоиталабони мавриди ҳимояти ин кишвар дар садади он ҳастанд то бо баҳрагирӣ аз фурсати оташбас барои ҳамла ба Мориупул омода шаванд.

Шаҳри Мориупул 500 ҳазор нафар ҷамъият дорад ва давлати Укройн нигарон аст, ки ҳадафи шӯришиён тасарруфи ин шаҳр низ бошад.

Дар сурате ки ин шаҳр ба тасарруфи шӯришиёни тарафдори Русия дарояд, роҳи дастрасии онон ба шибҳҷазираи Кириме, ки пештар ба тасарруфи Русия даромада буд, ҳамвор мешавад.

Дар ҳамин ҳол давлати Бритониё эълом карда, ки тайи чанд ҳафтаи оянда мушовирони низомии артиши Бритониё барои таълим ва омӯзиш ва ироаи машварат ба Укройн фиристода хоҳанд шуд.

Девид Комерун, нахуствазири Бритониё ҳушдор додааст, ки дар сурате ки шӯришиёни шарқи Укройн ба тавофуқномаи оташбас пойбанд бимонанд , хоҳони вазъи таҳримҳои бештар алайҳи Русия хоҳад шуд.

Оқои Комерун ба як кумитаи маҷлиси авоми Бритониё гуфтааст, ки 75 сарбози бритониёӣ дар чаҳор гурӯҳ ба манотиқи дур аз буҳрони Укройн эъзом хоҳанд шуд.

Дар ҳамини ҳол Афви Байналмиллал, аз гурӯҳҳои ҳуқуқи башарӣ гуфтааст, ки ҳар ду тарафи ҷанг дар шарқи Укройн аз бумбҳои хӯшаӣ истифода мекунанд, ки тибқи қавонун ва муъоҳидоти байналмилалӣ истифода аз онҳо мамнуъ аст.

Матолиби муртабит