Тавозуни бесобиқаи воридот бар содирот дар Тоҷикистон

  • 28 Январ, 2015
Шариф РаҳимзодаImage copyrightBBC World Service
Image caption Шариф Раҳимзода далели афзоиши воридотро ба вуруди бештари маҳсулоти сохтмонӣ, худравҳо ва маҳсулоти нафтӣ марбут хонд.

Дар соли гузашта мизони воридот дар Тоҷикистон дар қиболи содирот беш аз 4 баробар афзоиш ёфтааст.

Бино ба гузориши Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон, дар соли гузашта ин кишвар ба кишварҳои хориҷӣ ба миқдори 977 милюн дулор коло содир карда ва аз хориҷ ба миқдори 4 милёрду 338 милюн дулор коло ворид кардааст.

Шариф Раҳимзода, вазири рушди иқтисод ва тиҷорат, рӯзи чоршанбеи 28 январ дар нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе далели афзоиши бесобиқаи воридот бар содиротро ба вуруди бештари маҳсулоти сохтмонӣ, худравҳо ва маҳсулоти нафтӣ марбут хонд.

Гуфта мешавад, дар бахши маҳсулоти воридотӣ саҳми маводди ғизоӣ танҳо 20 дарсадро ташкил додааст.

Аз сӯйи дигар, дар бозорҳои ҷаҳонӣ қимати олюминиюм ва панба, колоҳои аслии содиротии Тоҷикистон ҷиддан коҳиш ёфтааст.

Масалан, бино ба иттилоъи манобеъи ин вазорат, арзиши олюминиюм дар бозори ҷаҳонӣ дар соли гузашта барои 1 тун 1870 дулорро ташкил дода, аз ин лиҳоз, тавлиди олюминиюм дар корхонаи Талко коҳиш ёфта ва дар соли гузашта танҳо 121 ҳазор тун олюминиюм тавлди шудааст.

Оқои Шарифзода гуфт, дар назар аст, дар соли ҷорӣ дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон бунёди 6 корхонаи тавлиди семент шурӯъ шавад, ки барои сохтмони ин корхонаҳо ба миқдори зиёд маҳсулоти сохтмонӣ ва таҷҳизоти фаннӣ ворид хоҳад шуд.

Ҳамчунин, ба гуфтаи ӯ, дар зарфи чанд соли ахир ба 1 милюну 200 хонавода қитъаи замин тавзеъ шудааст, ки барои бунёди манозил маҳсулоти сохтмонӣ лозим аст, ки умдатан аз хориҷи кишвар ворид мешавад.

Шариф Раҳимзода гуфт: “Ин вазъият хоси кишварҳои дар ҳоли рушд аст. Дар сурати бунёди корхонаҳо мизони воридот коҳиш ёфта ва содирот афзоиш хоҳад ёфт.”

Вазири рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон дар ин замина ба бунёди корхонаҳои тавлиди семент ишора кард ва гуфт, агар дар солҳои қаблӣ ҳамасола то 2 милюн семент ба ин кишвар ворид мешуд, дар соли гузашта ин рақам то ба 532 ҳазор тун кам шудааст.

Тибқи иттилоъи ин вазорат, дар соли гузашта дар Тоҷикистон ба миқдори 1,1 милюн тун семент тавлид шуда, мумкин аст дар пайи маврди баҳрабардорӣ қарор гирифтани корхонаҳои ҷадиди тавлиди семент мизони вуруди семент ба Тоҷикистон боз ҳам коҳиш ёбад.

Аз сӯйи дигар, мақомоти Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон гуфтанд, дар сурати фароҳам шудани зерсохтори интиқоли нерӯи барқӣ, бахусус, бунёди хатти баландшиддат аз Қирғизистону Тоҷикистон ба Афғонистону Покистон мавсум ба “КАСА-1000” мизони судури нерӯи барқ ба кишварҳои ҳамсоя афзоиш ёфта ва ин амр ба тавозуни содироту воридоти Тоҷикистон асар хоҳад гузошт.

Ба гуфтаи ин мақомот, дар тобистони соли гузашта ба далели поин будани тавонии хутути интиқоли нерӯи барқ Тоҷикистон тавонистааст ба Афғонистону Қирғизистон танҳо ба миқдори1,1 милёрд киувот-соъат содир кунад.

Ин дар ҳолест, ки ба иллати камбуди хутути баландшиддати интиқоли нерӯи барқ ба хориҷи кишвар ҳудуди 3 милёрд килувот-соъат нерӯи барқи Тоҷикистон талаф шудааст.

Матолиби муртабит