Кабирӣ хостори бозгашти муҳоҷирон ба ватан то замони интихобот шуд

  • 16 Декабр, 2014
КабирӣImage copyrightBBC World Service
Image caption Оқои Кабирӣ хостори ширкати фаъъолонаи муҳоҷирон дар интихоботи порлумонӣ шуд

Раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз муҳоҷирони тоҷик дар хориҷи кишвар даъват кард, ки то замони баргузории интихоботи порлумонӣ ба ватан бозгарданд.

Муҳиддини Кабирӣ, ки рӯзи сешанбеи 16 декабр дар анҷумани 11-уми Ҳизби наҳзати исломӣ, ҳизби умдаи мухолифи давлати Тоҷикистон, суханронӣ мекард, гуфт, 90 дарсади муҳоҷирони тоҷик имкони ширкат дар интихоботи порлумонии соли ояндаро надоранд.

Оқои Кабирӣ гуфт, ки тибқи омори Идораи муҳоҷирати Русия, дар ин кишвар як милюну 200 ҳазор тан аз муҳоҷирони тоҷик кор ва зиндагӣ карда ва теъдоди зиёде аз атбоъи тоҷик барои дарёфти кор дар Қазоқистон ва кишварҳои дигар ба сар мебаранд.

Ӯ гуфт, ки бар асоси иттилоъи Кумисиюни марказии интихобот ва ҳамапурсии Тоҷикистон (КМИҲ), теъдоди интихобкунадагони ин кишвар 4 милюну 25 ҳазор нафар будааст. Ба ин тартиб, беш аз 40 дарсади раъйдиҳандагони Тоҷикистон дар хориҷ аз кишвар иқомат доранд.

Зимнан, дар пайи ислоҳи Қонуни “Интихоботи Маҷлиси олии Тоҷикистон” дар тобистони соли ҷорӣ танҳо намоядагиҳои диплумотики ин кишвар дар мамолики хориҷӣ ҳаққи ташкили марокизи раъйдиҳӣ барои интихоботро доранд.

Тибқи ин санади ҳуқуқӣ, дар интихоботи порлумонии соли ояндаи Тоҷикистон дар Русия танҳо се маркази раъйдиҳӣ дар шаҳрҳои Маскав, Уфа ва Екатеринбург ифтитоҳ хоҳад шуд. Ин дар ҳолест, ки дар интихоботи риёсати ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи ноябри 2013 теъдоди марокизи раъйдиҳӣ дар Русия 24 адад буд.

Дар ҳамин ҳол, Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, аз Кумисиюни марказии интихобот ва ҳамапурсӣ (КМИҲ) даъват кард, то “барои ширкати ҳамаи шаҳрвандони кишвар, аз ҷумла онҳое, ки дар берун аз Тоҷикистон ҳастанд” шароити мусоъидеро фароҳам кунад.

Оқои Зуҳуров, ки дар ҳафтаи гузашта ба ҳангоми баррасӣ ва таъйиди раис, муъовин ва аъзои КМИҲ дар иҷлоси порлмон суҳбат мекард, гуфт: "Нишон диҳед, ки рӯз ба рӯз, сол ба сол ҷамъияти мо демукротик мешавад, ҳамон тавре ки раиси ҷумҳурӣ дастур додааст, интихобот бояд шаффофу озод гузарад."

Аммо ӯ мушаххасан нагуфт, ки аз кадом роҳ шаҳрвандони тоҷик, ки дар хориҷ аз кишвар ба сар мебаранд, дар интихоботи Маҷлиси намояндагон ва маҷолиси маҳалии Тоҷикистон ширкат хоҳанд кард.

Ба эътиқоди коршиносон, бахши умдаи муҳоҷирони кории тоҷик дар кишварҳои хориҷӣ, ки теъдодашон беш аз як милюн нафар хонда мешавад, ба хотири ширкат дар интихобот ба ватан бознахоҳанд гашт.

Аммо Муҳиддини Кабирӣ, раҳбари ҲНИТ, гуфт, ки дар сурати адами ширкати муҳоҷирон дар интихобот ин афрод метавонанд аз наздикону пайвандони худ даъват кунанд, ки дар интихобот ба пуштибонӣ аз ҳизби наҳзати исломӣ раъй бидиҳанд.

Зимнан, дар Анҷумани 11-уми Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон феҳристи 28-нафарии номзадҳои ин ҳизб ба интихоботи порлумонӣ баррасӣ ва тасвиб шуд.

Чун дар интихоботи қаблӣ дар соли 2010 оқои Кабирӣ дар садри феҳрист ва Саидиброҳими Назар, Муҳаммадҷони Нурӣ (писари Саид Абдулло Нурӣ), Маҳамадалии Ҳаит ва Зурафо Раҳмонӣ дар радаҳои баъдӣ қарор доранд.

ҲНИТ ҳоло дувумин ҳизби сиёсист, ки чун ҳизби ҳокими Халқи демукрот феҳристи 28-нафарии номзадҳоро пешниҳод кардааст. Дар феҳристи аҳзоби сусиёлисту ислоҳоти иқтисодӣ 6-нафарӣ номзадҳо пешниҳод шудаанд.

Интихоботи Маҷлиси намояндагон ва маҷолиси маҳаллии Тоҷикистон рӯзи 1 марти соли оянда баргузор шуда ва замони интихобот барои Маҷлиси миллӣ рӯзи 27 марти соли 2015 таъйин шудааст.

Матолиби муртабит