Дархости донишҷӯёни афғон барои дарёфти маъоши донишҷӯӣ

  • 15 Октябр, 2014
Муҳоҷирони афғонImage copyrightBBC World Service
Image caption Дар Тоҷикистон беш аз се ҳазор паноҳандагони афғон ба сар мебаранд, ки мегӯянд бо мушкилоти фаровони иҷтимоъӣ рӯбарӯ ҳастанд

Иддае аз донишҷӯён аз Афғонистон дар назди сафорати кишварашон дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, таҷаммуъ карда ва аз масъулон хостори боло бурдани кумакпулии донишҷӯӣ шудаанд.

Ба гуфтаи яке аз онҳо, ҳамчунин донишҷӯёни афғони донишгоҳҳои олии мухталифи Тоҷикистон аз масъулони сафорат дархости пардохти бамавриди маъоши донишҷӯиро кардаанд.

Муҳаммадёқуби Шарофат, донишҷӯйи Донишгоҳи пизишкии Тоҷикистон, рӯзи чаҳоршанбеи 15 октябр дар суҳбате телефунӣ ба Би-би-сӣ гуфт, барои бори нахуст нест, ки онҳо кумакпулии ваъдашуда барои онҳоро аз масъулони ин сафорат тақозо мекунанд.

Оқои Шарофат афзуд: "Ба мо дар Афғонистон ваъда шуда буд, ки моҳиёна барои ҳар яке аз мо 120 дулор кумакпулӣ пардохт мешавад. Аммо то ҳол ҳудуди 60 нафар аз донишҷӯёни Афғонистон, ки дар донишгоҳҳои Тоҷикистон таҳсил мекунанд, танҳо 60 дулор дарёфт мекунанд."

Афзун бар ин, оқои Шарофат мегӯяд, ки аз шаш моҳ пеш ба ин сӯ онҳо кумакпулиро нагирифтаанд ва 15 нафар аз донишҷӯёне, ки имрӯз ба сафорат омадаанд, аз 60 нафари дигар намояндагӣ мекунанд.

Ба гуфтаи донишҷӯёни афғон дар Тоҷикистон, давлати Афғонистон барои бархе аз донишҷӯён 120 дулор ва барои бархе дигар 60 дулор кумакпулӣ ихтисос додааст, ки ин амр як навъ табъиз ба шумор меояд.

Аҳмад Навид, донишҷӯйи дигари афғон, мегӯяд, ки дар шароити феълӣ 60 дулор барои гузарони зиндагии донишҷӯён дар Тоҷикистон кофӣ нест.

Ӯ мегӯяд: "Мо барои зиндагӣ дар хобгоҳ моҳиёна 20 дулор пардохт мекунем, қимати роҳкиро ва маводди ғизоӣ низ бо ҳамин сармоя анҷом мешавад."

Ин дар ҳолест, ки масъулони сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон мегӯянд, ки боло бурдани мизони кумакпулии донишҷӯёни афғон дар Тоҷикистон ба мақомоти Афғонистон дар Кобул бастагӣ дорад.

Дар ҳамин ҳол, дар Тоҷикистон ҳамчунин беш аз чаҳор ҳазор паноҳандагони афғон ба сар мебаранд ва ба гуфтаи онҳо, бештарашон бо мушкилоти фаровони иҷтимоъӣ дар ин кишвар рӯбарӯ ҳастанд.

Матолиби муртабит