Гуфтугӯи фишурдаи Абдуллоҳ ва Аҳмадзай бенатиҷа поён ёфт

Ситодҳои интихоботии Абдуллоҳи Абдуллоҳ ва Ашрафғанӣ Аҳмадзай гуфтаанд, ки гуфтугӯҳои фишурдаи ду номзад дар мавриди ҳалли ихтилофоти сиёсӣ бенатиҷа поён ёфтааст.
Пештар ситоди оқои Абдуллоҳ ҳушдор дода буд, ки ин охирин "фурсати диплумосӣ" аст ва дар сурате, ки ба хостаҳояшон расидагӣ нашавад, раванди гуфтугӯҳои сиёсиро тарк хоҳанд кард.
Фозили Санчоракӣ, сухангӯйи ситоди интихоботии "Ислоҳот ва ҳамгароӣ" ба раҳбарии Абдуллоҳи Абдуллоҳ, ба Би-би-сӣ гуфт, ки субҳи имрӯз "раҳбарони ду тим" бо ҳам дар Кобул мулоқот карданд, аммо ин мулоқот натиҷае надошт.
Оқои Санчоракӣ гуфт, ки қарор аст Абдуллоҳи Абдуллоҳ то асри имрӯз ба вақти Кобул мавзеъи ниҳоии гурӯҳи интихоботиашро дар мавриди интихоботи ҷанҷолии раёсатиҷумҳурӣ ва гуфтугӯҳои сиёсӣ эълом кунад.
Рӯзи гузашта қарор буд, ки ситоди оқои Абдуллоҳ ҳарфи охири тими худ дар мавриди буҳрони интихоботиро эълом кунад, аммо Борок Убомо, раиси ҷумҳурии Омрико, ба ҳар ду номзад телефун кард ва онҳоро ба идомаи гуфтугӯҳои сиёсӣ даъват кард.
Ҳанӯз мушаххас нест мавзеъи ниҳоии оқои Абдуллоҳ дар қиболи интихобот чи хоҳад буд. Аммо пеш аз ин ба дунболи эъломи натоиҷи ибтидоии даври дувуми интихоботи раёсати ҷумҳурӣ, ки Ашрафғанӣ Аҳмадзай баранда эълом шуд, ситоди Абдуллоҳи Абдуллоҳ гуфт, ки давлати худашро ташкил медиҳад.
Бо ин ҳол, ситоди интихоботии "Таҳаввул ва тадовум" ба раҳбарии Ашрафғанӣ Аҳмадзай гуфтааст, ки ду тараф қабл аз зуҳри имрӯз ба муддати як соъат "дар фазои самимӣ ва тафоҳум" мулоқот доштанд ва ин гуфтугӯҳо созанда будааст.
Тоҳири Заҳир, узви ситоди интихоботии Ашрафғанӣ Аҳмадзай, аммо таъкид кард, ки дар ин нишаст тасмими ниҳоӣ гирифта нашуд ва натиҷае дар бар надошт ва қарор аст, ки ин силсиланишастҳо идома дошта бошад.
Ӯ афзуд, ки тамоми масоиле, ки дар кумитаи муштараки ду тим мавриди тавофуқ сурат гирифта буд, таъйид ва бознигарӣ шуд, аммо як мавриди ихтилофӣ (ихтиёроти пусти иҷроӣ) ба баҳс гирифта шуд, ки дар нишастҳои баъдӣ дар мавриди он тасмимигирӣ мешавад.
Ихтилофи аслӣ миёни ду номзад рӯйи ҳудуди салоҳиятҳо ва ихтиёроти симати раёсати иҷроии давлатӣ аст, ки интизор меравад бо иштироки ду ситод зери номи "Давлати ваҳдати миллӣ" ташкил шавад.
Оқои Абдуллоҳ интизор дорад, ки касе ки симати иҷроиро мегирад, раёсати кобине ҳам ба уҳдаи ӯ аст, аммо оқои Аҳмадзай ин мавзӯъро ғайриқонунӣ хондааст.
Бо ин ҳама раванди баррасии милюнҳо раъйи ҷанҷолӣ ва машкуки даври дувуми интихоботи раёсати ҷумҳурӣ поён ёфта ва кумиссиюни интихобот ва нозирон машғули ботилсозии раъйи машкуканд, ки пирӯзи интихоботро эълом кунанд.
