Иттиҳоми ситоди интихоботии Абдуллоҳ алайҳи муъовини дувуми Карзай
Image copyrightAFPСитоди интихоботии Абдуллоҳ Абдуллоҳ номзади муътаризи интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон як фойли савтии мансуб ба Карим Халилӣ, муъовини дувуми Ҳомид Карзайро мунташир карда ва оқои Халилиро ба мудохила дар интихобот ба нафъи номзади мушаххасе муттаҳам кардааст. Аммо дафтари оқои Халилӣ ин фойлро ҷаълӣ медонад.
Садои мансуб ба Карим Халилӣ, муъовини дувуми раиси ҷумҳурии Афғонистон дар ин фойл шунида мешавад, ки итминон медиҳад, ки Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай, дар интихобот пирӯз хоҳад шуд.
Ин садо мегӯяд: "Мехоҳам ба таври возеҳ ва яқин бигӯям, ки пирӯзӣ аз они тими шумо ва номзаде аст, ки шумо ба он эътимод доред. Мехоҳам пешопеш ба оқои Сарвари Дониш (муъовини дувуми Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай), ки дар ин пирӯзӣ дар миёни шумост, табрик бигӯям."
Насруллоҳ Барёлай Арсалоӣ, раиси ситоди интихоботии Абдуллоҳ Абдуллоҳ гуфт, ки ин мадрак воқеъӣ аст ва ҳадафи пахши он ин аст, ки ба мардум бигӯянд, ки "Кумиссиюн номи ниҳоди олаи дасти ҳукумат аст" ва дар интихобот ба нафъи номзадии мушаххасе тақаллуб кардаанд.
Оқои Арсалоӣ дар мавриди манбаъи ин мадорик чизе нагуфта, аммо афзуд, ки "оқои Халилӣ ин суҳбатҳоро дар як нишасти хосс ва маҳрамона матраҳ карда ва аз афроди ҳозир дар ин нишаст хоста, ки ин суҳбатҳо ба берун набояд дарз кунад."
Дар бахши дигари садои мансуб ба оқои Халилӣ омада: "Ман ҳам суҳбатҳо бо ҷалолатмаъоб раиси ҷумҳурии Афғонистон доштам ва ҳам бо дӯстони ҷаҳонӣ {ҷомеъаи ҷаҳонӣ} ва дӯстони байналмилалии мо ба мо ваъда карданд, ки бо истифода аз ҳар абзор ва фурсате бояд ба нафъи ин тим истифода сурат гирад, валу ки ин абзор хилофи созукори интихоботӣ бошад."
Раиси ситоди Абдуллоҳ Абдуллоҳ мегӯяд, ки бо таваҷҷуҳ ба ин садо ҷомеъаи ҷаҳонӣ ва дӯстони байналмилалии Афғонистон ҳам бояд дар мавриди нақши худ дар интихоботи Афғонистон тавзеҳ бидиҳанд.
Дафтари Халилӣ: Навори савтӣ ҷаълӣ аст
Аббос Басир, раиси дафтари Карим Халилӣ, муъовини дувуми раиси ҷумҳури Афғонистон ин навори савтиро як мадраки сохтагӣ ва ҷаълӣ донистааст. Оқои Басир ба Би-би-сӣ гуфт, ки вокуниши расмии худро дар ин замина фардо баъд аз баррасиҳои ҳамаҷонибаи эълом хоҳанд кард.
Ӯ гуфт, ки арзёбии дафтари оқои Халилӣ нишон дода, ки ин садо ҷаълӣ аст ва марбути оқои Халилӣ нест.
Ситоди Абдуллоҳ Абдуллоҳ мегӯяд, ки фақат бахше аз садои мансуб ба оқои Халилиро мунташир кардаанд ва мадорики дигаре ҳам аз тақаллуб дар интихобот дар ихтиёр доранд.
Ситоди Абдуллоҳ Абдуллоҳ пеш аз сафари Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷаи Афғонистон ба Кобул ва тавофуқе, ки байни ду номзад рӯйи баррасии кулли орои Афғонистон сурат гирифт, низ мадорики мушобеҳе мунташир карда ва мақомҳои давлатӣ ва коркунони кумиссиюни мустақили интихоботи Афғонистонро муттаҳам ба тақаллуб дар интихобот карда буд.
Аммо аз замони оғози раванди баррасии кулли оро ин нахустин бор аст, ки ситоди “Ислоҳот ва ҳамгароӣ” интишори мадорики худро аз сар гирифтааст. Нашри ин мадорик ҳамзамон бо таҳрими муҷаддади раванди баррасӣ аз суи ситоди Абдуллоҳ Абдуллоҳ аст, ки ин равандро "намоишӣ" хондааст.
