Муъовини Абдуллоҳ аз тавофуқоти номзадони интихобот бо Ҷон Керрӣ парда бардошт
Image copyrightBBC World ServiceМуҳаммади Муҳаққиқ, муъовини Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар гуфтугӯ бо Би-би-сӣ аз бархе ҷузъиёти тавофуқи миёни ду номзади интихоботи раёсати ҷумҳурии ин кишвар дар мавриди ташкили давлати ваҳдати миллӣ парда бардошт.
Рӯзи гузашта пас аз он ки Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷаи Омрико ва номзадони раёсати ҷумҳурии Афғонистон аз ташкили давлати ваҳдати миллӣ пас аз баррасии муҷаддади оро сухан гуфтанд, саволи асосӣ ин буд, ки давлати ваҳдати миллӣ дақиқан ба чӣ маънӣ аст?
Оқои Муҳаққиқ асри имрӯз, якшанбеи 22 тир/саратон (13 июл) дар гуфтугӯ бо Исмоили Шаҳомат, хабарнигори Би-би-сӣ дар Кобул гуфт дар давлати ваҳдати миллӣ барандаи интихобот раиси ҷумҳур ва бозанда раиси Шурои иҷроӣ хоҳад шуд.
Ҳанӯз ҳиҷ санади расмӣ ва мактубе аз тавофуқи рӯзи гузаштаи номзадони раёсати ҷумҳурӣ ва вазири хориҷаи Омрико дар Кобул мунташир нашудааст.
Аммо оқои Муҳаққиқ гуфтааст ин тавофуқ дар пайи миёнҷигарии вазири хориҷаи Омрико ва фиристодаи хоси Созмони Милал дар Кобул ҳосил шудааст.
Оқои Муҳаққиқ гуфт бар асоси ин тарҳ то ду соли дигар ва бо эҷоди таъдил дар қонуни асосӣ пусти раёсати иҷроӣ ба пусти садриаъзамӣ табдил хоҳад шуд.
Аммо Файзуллоҳ Закӣ, сухангӯи ситоди Ашрафғанӣ Аҳмадзай аз таъйид ё ради ин ҷузъиёт худдорӣ кард ва гуфт, ки тавофуқ шудааст, ки тими бозандаи даври дувуми интихобот аз қудрат канор гузошта намешавад.
Оқои Закӣ афзуд ӯ дар музокирот ҳузур дошта, вале шоҳиди тавофуқ бар сари тақсими қудрат набудааст. Ӯ таъкид кард, ки бояд то поёни баррасии комили натоиҷи оро мунтазир буд, ба гуфтаи ӯ феълан он чӣ ба даст омада як тавофуқи калон ва торихӣ аст мабнӣ бар ин ки номзади бозанда ба ҷои ин ки мисли кишварҳои дигар берун аз ҳукумат бимонад ва оппозисюн ва мунтақидии ҳукуматро ба уҳда бигирад, саҳим ва шарики қудрат мешавад.
Оқои Закӣ афзуд ки таҷрибаи талхи ҳукуматдорӣ дар Афғонистон нишон дода, ки роҳе ҷуз мушорикати фарогири ҳамаи ҷавониб дар қудрат нест ва ин чизе аст, ки оқои Аҳмадзай ҳатто дар рӯзе ки ба унвони номзади раёсати ҷумҳурӣ сабти ном кард бар он таъкид кард.
Қарор аст базудӣ кори баррасии тамомии беш аз ҳашт миллиюни раъй, ки дар даври дувуми интихобот ба сандуқ рехта шуда, оғоз шавад.
Ин баррасиҳо аз суи кумиссиюни интихобот ва зери назари нозироне аз ситодҳои интихоботии ҳарду номзад ва нозирони бетарафи байналмилалӣ анҷом хоҳад шуд.
Ҳанӯз мушаххас нест баррасӣ ва бозшумории орои чӣ қадар тул мекашад ва ба ҳамин далел рӯзи гузашта номзадони интихобот ва вазири хориҷаи Омрико аз оқои Карзай хостанд маросими таҳлифи раиси ҷумҳурии ҷадидро ҳудуди як моҳи дигар ба таъхир андозад.
Ба назар мерасад мардуми Афғонистон саранҷом то камтар аз ду моҳи дигар раиси ҷумҳури мунтахаби худро хоҳанд дошт. Раиси ҷумҳурӣ дар раъси ҳукумате, ки дар ҳоли ҳозир давлати ваҳдати миллӣ ном гирифтааст.
