Бритониё аз пешрафт дар раванди интихоботи Афғонистон истиқбол кард

  • 13 Июл, 2014
Image copyrightnon
Image caption Баъд аз моҳҳо таниш миёни ин ду номзад дишаб онон ҳамдигарро дар оғӯш гирифтанд

Уилём Ҳейг, вазири умури хориҷаи Бритониё аз баррасии муҷаддади орои интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон ва тавофуқи номзадҳо дар эҷоди як давлати ваҳдати миллӣ истиқбол кард.

Дар хабарномае, ки сафорати Бритониё , имрӯз, якшанбе дар Кобул ба расонаҳо фиристод ба нақл аз вазири хориҷаи Бритониё омадааст: "Ман ба ҳарду номзади интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон ба хотири расидан рӯйи як тавофуқ ва дар авлавият қарор додани манфаъатҳои мардуми Афғонистон табрик мегӯям."

Оқои Ҳейг ибрози умедворӣ карда, ки баррасии тамоми оро афғонҳоро қодир созад то ба раванди интихобот ва натоиҷи он эътимод кунанд.

Ба гуфтаи ӯ Бритониё аз талошҳо дар ҷиҳати итминон аз баррасии оро бар асоси меъёрҳои байналмилалӣ ҳимоят мекунад.

Дар ин эъломия ҳамчунин таъкид шуда, ки Бритониё аз таъаҳҳуди барандаи ниҳоии интихобот барои эҷоди як давлати ваҳдати миллӣ истиқбол менамояд.

Оқои Ҳейг ба Ҷон Керрӣ, вазири хориҷаи Омрико, аз ин ки саҳми худро дар расидан ба ин тавофуқи ҳаётӣ ва таҳаққуқи он адо намуда табрик гуфтааст ва аз ширкати давлати Афғонистон ва ҷомеъаи ҷаҳонӣ дар иҷлоси НОТУ ва конфаронси Ландан дар мавриди Афғонистон дар авохири соли ҷорӣ истиқбол кардааст.

Пас аз он ки ситоди Абдуллоҳ Абдуллоҳ натиҷаи ибтидоии интихоботро рад кард ва шуморе аз ҳаводоронаш ба хиёбонҳо рехтанд, ин нигаронӣ ба вуҷуд омад, ки Афғонистон мумкин аст вориди ҳарҷу марҷ шавад ва раванди мусолиматомези интиқоли қудрат ба хушунат кашида шавад.

Вале дар 48 соъати гузашта оқои Абдуллоҳ ва Аҳмадзай бо миёнҷигарии оқои Керрӣ ба тавофуқи зайл даст ёфтанд.

Баррасии сад дарсади оро таҳти назорати ниҳодҳои байналмилалӣ бо болотарин меъёрҳои байналмилалӣ.

Баррасии муҷаддади тамомии ороъ дар Кобул.

Интиқоли сандуқҳои раъй ба Кобул тавассути нерӯҳои ёрии байналмилалӣ.

Таъмини амнияти сандуқҳо муштаракан тавассути нерӯҳои амниятии афғон ва нерӯҳои ёрии баёналмилалӣ.

Таъхир дар торихи таҳлифи раисҷумҳури ҷадид.

Пазируфтани натоиҷи баррасӣ ва натиҷаи ниҳоии интихобот аз суи ҳар ду номзад ва эҷоди ҳукумати ваҳдати миллӣ тавассути номзади барандаи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ.

Матолиби муртабит