Ҷон Керӣ барои ҳалли ҷанҷолҳои интихоботии Афғонистон, бо Карзай дидор кард

  • 11 Июл, 2014
Image copyrightarg
Image caption Ҷон Керрӣ барои миёнҷигарии интихоботӣ вориди Кобул шудааст

Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳурии Афғонистон, бо Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷаи Омрико дидор кард.

Вазири хориҷаи Омрико ба манзури миёнҷигарӣ дар ихтилофи байни ду номзади интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон бар сари натиҷаи ин интихобот ва кумак ба ҳалли ин ихтилоф ба Кобул сафар кардааст.

Сухангӯйи раёсати ҷумҳурии Афғонистон ба Би-би-сӣ гуфт, ки Ҳомиди Карзай субҳи имрӯз бо оқои Керрӣ дидор кардааст.

Ба гуфтаи сухангӯйи раёсати ҷумҳурӣ, Ҳомиди Карзай дар ин дидор гуфтааст, ки ҳар роҳи ҳаллеро барои берунрафт аз муъзили интихоботӣ қабул дорад, ки аз тариқи мароҷеъи қонунии Афғонистон ва дар тафоҳум бо номзадони интихоботи раёсати ҷумҳурӣ сурат бигирад.

Вай ҳамчунин дар ин дидор бори дигар таъкид карда, ки ба таърихи 2 август мутобиқи барномаи таъйиншуда интиқоли қудрат дар ин кишвар сурат хоҳад гирифт.

Сухангӯйи раиси ҷумҳури Афғонистон афзуд, ки масоили марбут ба интихоботи Афғонистон пешниҳоди Созмони Милали Муттаҳид барои ҳалли мушкили интихобот ва назариёти номзадони интихоботӣ мавзӯъоти мавриди баҳс дар ин мулоқот будааст.

Рӯзи гузашта Ён Кубиш, фиристодаи вижаи Созмолни Милал дар Афғонистон, дар ҷаласае бо ҳузури мақомоти давлатӣ, қазоӣ ва кумиссиюни интхоботи Афғонистон дар Кобул ширкат кард ва пешниҳод дод, ки барои ҳалли ихтилофи кунунӣ ҳашт ҳазор сандуқи раъй мавриди бозрасӣ қарор гирад. Дар сурати қабули ин пешниҳод ҳудҳуди 43 дарсади кулли оро дар интихоботи даври дувум бори дигар бозрасӣ ва шумориш мешавад.

Сафорати Омрико дидори Ҷон Керрӣ бо оқои Кубишро низ таъйид карда, аммо ҷузъиёте аз мулоқоти онҳо нашр нашудааст.

Оқои Керрӣ бо Ашрафғанӣ Аҳмадзай мулоқот карда ва қарор аст бо Абдуллоҳи Абдуллоҳ низ мулоқот ва гуфтугӯ кунад. Ҷузъиёти мулоқоти оқои Керрӣ бо оқои Ғанӣ ҳанӯз дар дастрас нест.

Ҷанҷоли интихоботи Афғонистон

Даври дувуми интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон дар рӯзи 14 июн баргузор шуд, дар ҳоле ки дар поёни раъйгирӣ ҳар ду номзад нисбат ба вуқӯъи тахаллуфоте дар интихобот муътариз буданд.

Авоили ин ҳафта кумиссиюни мустақилли интихоботӣ натиҷаи муқаддамотии интихоботи шомили пирӯзии Ашрафғанӣ Аҳмадзайро эълом кард, аммо оқои Абдуллоҳ билофосила ин натиҷаро ғайриқобили қабул эълом кард ва ситоди интихоботии ӯ зимни мухолифат бо зимомдории оқои Аҳмадзай, аз ташкили давлати мувозӣ ва ҷудо аз давлати баъдӣ сухан гуфт.

Рӯзи сешанбеи ин ҳафта дар ҳоле ки тарафдорони Абдуллоҳи Абдуллоҳ дар тазоҳуроте дар Кобул натиҷаи эъломшударо мардуд дониста ва хостори ташкили давлати ҷадид ба раҳбарии ӯ буданд, вай дар як суханронӣ гуфт "ҳукумати тақаллубиро" қабул намекунад, аммо аз тарафдоронаш хост чанд рӯз ба ӯ фурсат диҳанд, ки тасмим бигирад.

Дар муқобил, оқои Аҳмадзай зимни ибрози хурсандӣ аз натиҷаи эъломшуда аз бархӯрди рақиби интихоботии худ ибрози таассуф кард ва аз ӯ хост то ба қонун тамкин кунад. Вай гуфт, ки аз баррасии натиҷаи эъломшуда истиқбол мекунад.

Матолиби муртабит