Убомо дар тамоси телефунии номзадҳои афғонро даъват ба оромиш ва ҳамкорӣ кард

  • 9 Июл, 2014
Image copyrightAFP

Кохи Сафед мегӯяд Борок Убомо, раиси ҷумҳури Омрико дар тамосе телефунӣ бо номзадҳои интихоботи ҷанҷолии Афғонистон аз онҳо хостааст иҷоза диҳанд фароянди таҳқиқ дар бораи тақаллуб комил шавад ва аз даст задан ба иқдомоти фароқонунӣ парҳез кунанд.

Абдуллоҳи Абдуллоҳ, ки бар асоси натоиҷи расмии кумиссиюни интихоботии ҳудуди як милюн раъй аз Ашрафғанӣ Аҳмадзай камтар дорад, иддаъо кардааст, ки дар интихобот тақаллуби густарда рӯй дода ва гуфта, ки эъломи пирӯзӣ хоҳад кард.

Оқои Убомо душанбешаб бо оқои Абдуллоҳ ва сешанбе ҳам бо оқои Аҳмадзай телефунӣ суҳбат кард.

Бар асоси баёнияи Кохи Сафед оқои Убомо хостори оромиш шуда ва бар ниёз ба ҳифзи диолуги сиёсӣ таъкид кардааст.

Оқои Убомо дар гуфтугӯ бо ҳар ду номзад таъкид кард, ки Омрико интизор дорад куллия иддаъоҳои маъқули тақаллуб ба таври комил баррасӣ шавад, то эътибори фароянди интихоботӣ таъмин шавад.

Ӯ таъкид кард, ки "ҳама тарафҳо бояд аз гомҳое, ки ваҳдати миллии Афғонистонро тазъиф мекунад бипарҳезанд ва бояд барои ёфтани роҳи ҳалле, ки мунъакискунандаи иродаи мардуми Афғонистон аст ва ба ташкили давлате, ки боъиси ваҳдати миёни афғонҳо мешавад, бо ҳам кор кунанд.

Ӯ ҳамчунин таъкид кард, ки ҳеҷ таваҷҷуҳе барои хушунат ё тавассул ба роҳҳои фаровоне, ки ба қатъи кумаки Омрико ба Афғонистон мунҷар хоҳад шуд, вуҷуд надорад.

Оқои Убомо гуфт, ки Ҷон Керрӣ, вазири хориҷаи Омрико, дар рӯзҳои оянда ба ройзании наздик бо ду номзад ва оқои Карзай идома хоҳад дод.

Пештар Ҷош Эрнест, сухангӯйи Кохи Сафед, таъкид кард, ки натоиҷи муқаддамотии эъломшуда лузуман мунъакискунандаи натиҷаи ниҳоӣ нест.

Ондерс Фу Росмусен, дабири кулли НОТУ, ҳам сешанбе гуфт, ки иддаъоҳои тақаллуб нигаронкунанда аст ва аз ҳар ду тараф хост бо мақомҳои интихоботии Афғонистон "барои ёфтани роҳи ҳалле, ки эътибори натоиҷи интихоботи раёсати ҷумҳуриро тазмин мекунад, кор кунанд."

Вилём Ҳейг, вазири хориҷаи Бритониё, ҳам дар ҷараёни сафаре ба Ҳинд ба раҳбарони Афғонистон тавсия кард аз буҳрони Ироқ дарс бигиранд ва аз интиқоли машрӯъ ва қонунии қудрат итминон ҳосил кунанд.

Оқои Ҳейг гуфт: "Ироқ дар солҳои ахир аз надоштани давлате, ки ба андозаи кофӣ фарогир бошад, ранҷ бурда. Умедворам Афғонистон аз ин нокомӣ дарс бигирад."

Натоиҷи муқаддамотии даври дувуми интихобот рӯзи душанбе эълом шуд.