Ҷон Керрӣ: Касби қудрат аз туруқи фароқонунӣ боъиси қатъи кумак ба Афғонистон мешавад
Image copyrightGettyДар ҳоле ки ситоди интихоботии Абдуллоҳи Абдуллоҳ бо радди натиҷаи муқаддамотии интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон аз тасмим ба ташкили давлати “ислоҳот ва ҳамгироӣ” сухан гуфта, Омрико дар мавриди тавассул ба “роҳҳои фароқонунӣ” барои ба қудрат расидан дар Афғонистон ҳушдор додааст.
Рӯзи сешанбеи 8 июл сафорати Омрико дар Кобул бо судури баёнияе ба нақл аз Ҷон Керрӣ, вазири хориҷаи ин кишвар, ҳушдор дод иқдом барои касби қудрат бо тавассул ба иқдомоти фароқонунӣ дар Афғонистон боъис мешавад Иёлоти Муттаҳида кумакҳое иқтисодӣ ва ҳимояти амниятии худ аз ин кишварро қатъ кунад.
Бар асоси ин баёния, оқои Керрӣ гуфтааст: “Ман бо нигаронии амиқ гузоришҳои марбут ба эътирозот дар Афғонистон ва тарҳи масъалаи “ташкили давлати мувозӣ”-ро мулоҳиза кардаам.”
Вай афзудааст: “Ҳазинаи ҳар навъ иқдоме дар касби қудрат аз туруқи фароқонунӣ дар Афғонистон қатъи ҳимояти молӣ ва амниятии Иёлоти Муттаҳида ва ҷомеъаи байналмилалӣ аз он кишвар аст.”
Дар соли ҷорӣ ҳузури нерӯҳои амалиётии Омрико дар Афғонистон хотима меёбад, аммо дар ҳоле ки фаъъолияти шӯришиёни мусаллаҳи мухолифи давлат ҳамчунон идома дорад, Иёлоти Муттаҳида ваъда додааст аз давлати ин кишвар ҳимояти молӣ ва амниятӣ ба амал оварад.
Дар соли ҷорӣ ҳузури нерӯҳои амалиётии Омрико дар Афғонистон хотима меёбад, аммо дар ҳоле ки фаъъолияти шӯришиёни мусаллаҳи мухолифи давлат ҳамчунон идома дорад, Иёлоти Муттаҳида ваъда додааст аз давлати ин кишвар ҳимояти молӣ ва амниятӣ ба амал оварад.
Рӯзи гузашта натиҷаи муқаддамотии интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон эълом шуд. Ба гузориши кумиссиюни мустақили интихобот Ашрафғанӣ Аҳмадзай, вазири молияи пешин, бо касби беш аз ниме аз оро аз Абдуллоҳи Абдуллоҳ, вазири хориҷаи собиқ, пештар аст.
Оқои Абдуллоҳ гуфтааст дар интихобот тақаллуб рух дода ва сухангӯйи ӯ бо радди натиҷаи эъломшудаи интихобот онро кудетое алайҳи орои мардум тавсиф кардааст.
Пас аз эъломи натиҷаи муқаддамотии интихобот Кобул шоҳиди эътирозоте аз сӯйи тарафдорони оқои Абдуллоҳ буд. Ба гузориши хабарнигори Би-би-сӣ, муътаризон бо ба садо даровардани буқи утумубил ва шиъорҳое алайҳи “омилони тақаллуб”, мухолифати худро бо натиҷаи эъломшуда иброз доштанд.
Тазоҳуроти эътирозии тарафдорони оқои Абдуллоҳ то нимаҳои шаб дар Кобул идома дошт ва бо садои шиллики гулӯла ҳамроҳ буд. Ситоди оқои Абдуллоҳ аз баргузории гирдиҳамоии дигаре дар ҳимоят аз ӯ дар рӯзи сешанбе хабар додааст.
Ҳамзамон бар асоси гузоришҳои расида аз бархе дигар аз нуқоти Афғонистон, аз ҷумла Қандаҳор ва Ҳирот, тарафдорони оқои Аҳмадзай бо истиқбол аз натиҷаи шумориши оро ба шодмонӣ пардохтанд.
Рӯзи сешанбе хабарномаи ситоди интихоботии Абдуллоҳи Абдуллоҳ, ки рӯи сафаҳоти иҷтимоъии ин ситод мунташир шуд, аз ташкили давлати ҷадиди бидуни таваҷҷуҳ ба натиҷаи интихобот хабар дод.
Пештар низ мавзӯъи ташкили давлате дар канори давлати оянда матраҳ шуда буд, аммо дар хабарномаи ҷадид омадааст: “Дигар сухан аз ҳукумати мувозӣ нест. Ин бор мехоҳем ба пуштибонии шумо мардуми силаҳшӯр ва азиз ҳукумати машрӯъ ва қонунии “ислоҳот ва ҳамгироиро”дар сарзамини ранҷдида ва озодихоҳи ин марзу бум таъсис намоем.”
