Ҷон Керрӣ барои миёнҷигарии интихоботӣ вориди Кобул шуд
Image copyrightAPВазири умури хориҷаи Омрико барои кумак ба ҳалли ихтилофоти интихоботии Афғонистон ба Кобул сафар кардааст.
Рӯзи ҷумъаи 11 июл гузориш шуд, ки Ҷон Керрӣ, вазири хориҷаи Иёлоти Муттаҳида ба манзури миёнҷигарӣ дар ихтилофи байни Ашрафғанӣ Аҳмадзай ва Абдуллоҳи Абдуллоҳ, ду номзади даври ниҳоии интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон бар сари натиҷаи шумориши оро дар Кобул ба сар мебарад.
Қарор аст оқои Керрӣ илова бар оқоён Абдуллоҳ ва Аҳмадзай бо Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳурӣ ва шуморе аз мақомот ва шахсиятҳои бонуфузи Афғонистон низ мулоқот ва гуфтугӯ кунад.
Вазири хориҷаи Омрико пеш аз азимат ба сӯйи Кобул гуфт, ки дар мавриди буҳрони интихоботии Афғонистон башиддат эҳсоси нигаронӣ мекунад.
Оқои Керрӣ, ки шомгоҳи гузашта аз Пекин, пойтахти Чин, озими Кобул шуда, ба хабарнигорон гуфт, ки Иёлоти Муттаҳида бо афрод ва гурӯҳҳои знафъ дар интихоботи Афғонистон дар тамос буда ва аз ҳар ду номзади интихоботӣ хост то аз ҳар иқдоме, ки боъиси таҳрики тарафдорони онон ба беқонунӣ мешавад, худдорӣ варзанд.
Даври дувуми интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон дар рӯзи 14 июн баргузор шуд, дар ҳоле ки дар поёни раъйгирӣ ҳар ду номзад нисбат ба вуқӯъи тахаллуфоте дар интихобот муътариз буданд.
Авоили ин ҳафта кумиссиюни мустақилли интихоботӣ натиҷаи муқаддамотии интихоботи шомили пирӯзии Ашрафғанӣ Аҳмадзайро эълом кард, аммо оқои Абдуллоҳ билофосила ин натиҷаро ғайриқобили қабул эълом кард ва ситоди интихоботии ӯ зимни мухолифат бо зимомдории оқои Аҳмадзай, аз ташкили давлати мувозӣ ва ҷудо аз адвлати баъдӣ сухан гуфт.
Рӯзи сешанбеи ин ҳафта дар ҳоле ки тарафдорони Абдуллоҳи Абдуллоҳ дар тазоҳуроте дар Кобул натиҷаи эъломшударо мардуд дониста ва хостори ташкили давлати ҷадид ба раҳбарии ӯ буданд, вай дар як суханронӣ гуфт "ҳукумати тақаллубиро" қабул намекунад, аммо аз тарафдоронаш хост чанд рӯз ба ӯ фурсат диҳанд, ки тасмим бигирад.
Дар муқобил, оқои Аҳмадзай зимни ибрози хурсандӣ аз натиҷаи эъломшуда аз бархӯрди рақиби интихоботии худ ибрози таассуф кард ва аз ӯ хост то ба қонун тамкин кунад. Вай гуфт, ки аз баррасии натиҷаи эъломшуда истиқбол мекунад.
Ин нахустин боре нест, ки Ҷон Керрӣ барои кумак ба ҳалли як буҳрони интихоботӣ ба Афғонистон сафар мекунад. Дар интихоботи раёсати ҷумҳурии соли 2009 низ оқои Керрӣ, ки дар он замон узви маҷлиси сенои Омрико буд, барои ҳалли ихтилофоти интихоботӣ ба Кобул рафт. Дар интихоботи соли 2009 низ оқои Абдуллоҳ аз номзадҳои аслӣ буд ва бо эроди иттиҳоми тахаллуфи интихоботӣ, натиҷаи интихоботи ҳовии пирӯзии Ҳомиди Карзайро мавриди қабул қарор надода буд.
Рӯзи гузашта ҳамчунин фиристодаи вижаи Созмон Милали Муттаҳид дар Афғонистон дар Кобул ширкат кард ва пешниҳод дод, ки барои ҳалли ихтилофи кунунӣ ҳашт ҳазор сандуқи раъйи мавриди бозрасӣ қарор гирад. Дар сурати қабули ин пешниҳод, ҳудуди 43 дарсади кулли оро дар интихоботи даври дувум бори дигар бозрасӣ ва шумориш мешавад.
Ҳамчунин рӯзи гузашта гурӯҳи арзёбии интихоботи Иттиҳодияи Урупо дар хабарномаи худ гуфт, ки натоиҷи ибтидоии интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон "ниёз ба баррасии ҳамаҷониба" дорад ва афзуд афғонҳо ҳақ доранд раъйашон мавриди эҳтиром қарор бигирад ва номзадони раёсати ҷумҳурӣ ҳаққи пайгирӣ ва баррасии тамоми иттиҳомоти матраҳшуда дар мавриди тақаллубро доранд.
