Абдуллоҳ барои тасмимгирии ниҳоӣ аз ҳаводоронаш вақт хост

  • 8 Июл, 2014
Image copyrightAP

Суханронии Абдуллоҳи Абдуллоҳ, номзади муътаризи даври дувуми интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон дар гирдиҳамоӣ дар хаймаи Луя Ҷирга дар Кобул дар вокуниш ба эъломи натиҷаи ибтидоии интихобот идома дорад.

Абдуллоҳи Абдуллоҳ дубора оғоз ба суҳбат кард. Зоҳиран Абдуллоҳи Абдуллоҳ намехоҳад имрӯз эъломи ҳукумат кунад ва аз ҳаводоронаш замон хост.

Абдуллоҳ: Таъаҳҳуди худро ба ормонҳои шуҳадо такрор мекунам ва аз шумо хоҳиш мекунам, ки болоям эътимод кунед ва чанд рӯз вақт диҳед.

Абдуллоҳ: Таъаҳҳуди худро ба ормонҳои шуҳадо такрор мекунам ва аз шумо хоҳиш мекунам, ки болоям эътимод кунед ва чанд рӯз вақт диҳед.

Атомуҳаммади Нур, волии Балх ва аз ҳомиёни оқои Абдуллоҳ: Мо аз ҳамин ҳоло ҳукумати машрӯъро бо заъомати ҷаноби дуктур Абдуллоҳи Абдуллоҳ эълом медорем ва худро мулзам ба пайравӣ аз он медонем.

Абдуллоҳ: Тамоми умри худро вақфи ваҳдати миллӣ ва тамомияти арзии Афғонистон кардаем ва таҷзияи Афғонистон ҷанги дохилӣ ё буҳрон дар Афғонистонро намехоҳем.

Абдуллоҳ зимни интиқод аз амалкарди Ҳомиди Карзай дар даҳаи гузашта ва ҳамчунин наҳваи амали ӯ дар робита бо интихобот гуфт, ки бо пора кардани тасвири раиси ҷумҳур дар ҷараёни гирдиҳамоии ҳаводорони ӯ “қалбан ва самимона” мухолиф аст.

Абдуллоҳ: Ҷуз раъйи поки мардуми Афғонистон ҳеҷ касе наметавонад дар Афғонистон ҳукумат кунад.

Абдуллоҳ: Мо тамоми умри худро барои ҳифзи ваҳдати миллии Афғонистон мубориза кардем ва ҳамчунон ба ин мубориза идома хоҳем дод.

Оқои Абдуллоҳ гуфт: “Мусалласи арг, кумиссиюни интихобот ва ситоди Ашрафғанӣ Аҳмадзай алайҳи раъйи поки мардуми Афғонистон кудето карданд.”

Абдуллоҳ: Аз мардум таваққуъ дорам чанд рӯз ба ман вақти машварат ва суҳбат бидиҳанд, то тасмиме бигирам, ки салоҳи мардуми Афғонистон дар он бошад.

Абдуллоҳ Абдуллоҳ ба ҳаводоронаш, ки бо садоҳои баланд аз ӯ мехостанд ҳукумат эълом кунад, гуфт, ки хостаи онҳо муҳаққақ хоҳад шуд, вале барои ӯ замон бидиҳанд.

Абдуллоҳи Абдуллоҳ: Агар қитъа-қитъа(тика-тика) шавам, давлати тақаллубиро намепазирам.

Абдуллоҳ Абдуллоҳ:

  1. Барандаи интихобот бидуни шакку шубҳа мо ҳастем.
  2. Иҷозаи барқарории ҳукумати тақаллубиро ҳатто барои як рӯз намедиҳем.
  3. Фишор, таҳдид ва татмеъ ба ҳеҷ ваҷҳ дар мавриди мо муассир нахоҳадбуд.
  4. Ба мардуми Афғонистон итминон медиҳам, ки ҳукумати мавриди назари онҳоро эълом хоҳам кард.
Image copyrightAFP GETTY

Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷаи Омрико дар баёнияи имрӯзи худ навиштааст: “Ман бо нигаронии амиқ гузоришҳои марбут ба эътирозот дар Афғонистон ва тарҳи масъалаи ташкили “давлати мувозиро” мулоҳиза кардаам.”

Вай афзудааст: “Ҳазинаи ҳар навъ иқдоме дар касби қудрат аз туруқи фароқонунӣ дар Афғонистон қатъи ҳимояти молӣ ва амниятии Иёлоти Муттаҳида ва ҷомеъаи байналмилалӣ аз он кишвар аст.”

Оқои Абдуллоҳ гуфт, ки раиси ҷумҳур ва вазири умури хориҷаи Омрико субҳи имрӯз бо ӯ телефунӣ гуфтугӯ кардаанд. Ба гуфтаи оқои Абдуллоҳ, Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷаи Омрико қарор аст рӯзи ҷумъа ба Афғонистон сафар кунад. Оқои Абдуллоҳ гуфт, ки оқои Керрӣ қавл дода, ки “дар муқобила бо тақаллуб ва барои ифшои тақаллуб дар канори мардуми Афғонистон” бошад. Ӯ гуфт, ки Омрико хоҳони ҷудо шудани “орои тақаллубӣ” дар интихоботи Афғонистон аз орои пок аст.

Ҷеймз Добенз, намояндаи вижаи давлати Омрико дар умури Афғонистон ва Покистон, ҳам аз эъломи натоиҷи ибтидоӣ тавассути кумиссиюни интихобот интиқод кардааст.

Ӯ ба Садои Омрико гуфтааст: “Мо таъвиқи эълон (натоиҷи ибтидоӣ) –ро тарҷеҳ медодем... Чанд милюн раъй ҳанӯз ҳам вуҷуд дорад, ки бояд бодиққат баррасӣ шавад. Намедонем дар сурате, ки ин қадар корҳо боқӣ монда буд, чаро бояд натоиҷ эълом мешуд.”

Оқои Добенз нисбат ба эҳтимоли таҷзияи Афғонистон ҳушдор дод.

Гузориш шудааст, ки Ашрафғанӣ Аҳмадзай, номзади дигари интихобот, қарор аст то соъоти дигар нишасти хабарӣ дошта бошад.

Image copyrightbbc

Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳурии Афғонистон, бо интишори эъломияе гуфт: “Натоиҷи ибтидоии даври дувуми интихоботи раёсати ҷумҳуриро гоми дигаре дар роҳи такмил шудани раванди интихоботи Афғонистон донистааст.”

Оқои Карзай дар ин нома бидуни ишора ба вокунишҳои ситоди оқои Абуллоҳ бо эъломи натиҷаи интихобот аз мардум хоста, ки “сабру шикебоӣ ва ҳамбастагии худро ҳамонанди қабл ҳифз кунанд ва барандаи интихобот замоне мушаххас хоҳад шуд, ки натоиҷи ниҳоӣ баъд аз расидагӣ ба шикоятҳо ва ҷудо кардани орои дуруст аз нодуруст эълом хоҳад шуд.”

Раиси ҷумҳури Афғонистон афзуда, ки кумиссиюнҳои интихоботӣ вазифадоранд то бо шаффофияти тамом ва бо дарки масъулияти таърихии хеш баррасии ороро анҷом диҳанд ва ибрози умедворӣ карда, ки номзадҳо низ дар замина ҳамкорӣ кунанд

Оқои Карзай итминон дода, ки номзадҳо низ бо дарназардошти манофеъи улёи кишвар роҳи тафоҳумро дар пеш хоҳанд гирифт.

Матолиби муртабит