Баррасии орои интихоботи Афғонистон бидуни ҳузури нозирони Абдуллоҳ оғоз шуд

  • 3 Август, 2014
Image copyright

Кумиссиюни интихоботи Афғонистон эълом кард, ки ин кумиссиюн бозрасии орои интихоботи даври дувуми раёсати ҷумҳуриро асри имрӯз, якшанбе, 3 август оғоз кардааст.

Нурмуҳаммади Нур, сухангӯи ин кумиссиюн дар як конфаронси хабарӣ дар Кобул гуфт, ки ин кумиссиюн дар қолаби ду тими дусаднафарӣ қабл аз зуҳр ва баъд аз зуҳр бозрасиро оғоз кардааст.

Ӯ афзуд: "Кумиссиюни интихобот, дирӯз/шанбе мунтазири тими оқои Абдуллоҳ буд ва қабл аз зуҳри имрӯз низ тими навбати субҳ мунтазир монд, вале тими оқои Абдуллоҳ ба раванд напайваст ва тими кории навбати дувум амалан аср ба кори худ оғоз карда, вале тими оқои Абдуллоҳ ҳануз ҳузур надорад."

Оқои Нур гуфт, ки ин кумиссиюн тими оқои Абдуллоҳро ташвиқ мекунад, ки биёяд ва аз раванди бозрасии муҷаддади оро назорат кунад ва дарвозаи кумиссиюни интихобот бар рӯйи нозирони ин тим боз аст.

Ӯ гуфт тамоми хостаҳоеро, ки тими оқои Абдуллоҳ барои пайвастан ба раванди бозрасии оро пешниҳод кард буд, тавассути Созмони Милал дар назар гирифта шуда ва умед аст, ки ҳиҷ баҳонае боқӣ намонда бошад, ки монеъ аз пайвастани тими Абдуллоҳ ба раванди интихобот шавад.

Оқои Нур таъкид кард, ки ин кумиссиюн наметавонад бештар аз ин раванд бозрасиро ба таъвиқ андозад ва натоиҷи бозрасӣ низ ба далели ҳузури садҳо нозири байналмилалӣ аз эътибори лозим бархӯрдор хоҳад буд.

Ӯ афзуд, ки акнун 200 нозир ва 700 мушоҳиди байналмилалӣ барои назорат бар интихоботи Афғонистон ҳузур доранд, ки метавонад ба раванди бозрасӣ машруъият бахшад.

Оқои Нур таъкид кард, ки ин кумиссиюн раванди бозрасии ороро мутобиқи ваъдае, ки оқои Абдуллоҳ карда буд, аз сар гирифта ва Созмони Милал низ тарзулъамали ибтоли ороро, ки мавриди таъйиди ҳар ду номзад буда, ба ин кумиссиюн додааст.

Сухангӯи кумиссиюни интихоботи Афғонистон тасреҳ кард, ки баъд аз дарёфти ин тарзуламал аъзои кумиссиюн мафоди онро ба баҳс гирифт ва бо аксарияти оро онро тасвиб кард ва иҷроӣ донист.

Ӯ дар идома тасреҳ кард, ки кумиссиюни интихобот ба ду тими интихоботӣ фурсати кофӣ дода буд ва баъд аз ин наметавонад ин равандро бештар ба таъвиқ андозад.

Оқои Нур афзуд, ки беш аз 19 ҳазор сандуқи раъй бидуни кадом мушкил аз 31 вилояти Афғонистон ба кумаки нерӯи Айсоф ва Созмони Милал ба Кобул мунтақил шудааст.

Ӯ тасреҳ кард, ки ин теъдод 78,2 дарсад аз кулли сандуқҳо аст, ки дар 14 июн мардуми саросари Афғонистон ба онҳо раъй рехта буданд.

Оқои Нур таъкид кард, ки 119 сандуқи боқимонда аз вилояти Ғур низ базудӣ ба Кобул хоҳад расид.

Ӯ гуфт, ки теъдоди афроде, ки бар раванди бозрасии интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон назорат доранд, ба беш аз ду ҳазор нафар мерасад, ки шомили нозирони номзадҳо, нозирони ҷомеъаи байналмилалӣ ва ниҳодҳои ҷомеъаи маданӣ ҳастанд.

Ӯ дар бораи раванди мудирияти бозрасии муҷаддади орои интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон гуфт, ки аз назари мудириятӣ назорат бар раванди бозрасӣ ба уҳдаи кумиссиюни мустақили интихобот аст, вале Созмони Милал низ дар ин замина ҳамкории фаннӣ мекунад.

Раванди баррасии оро пеш аз ин чаҳор бор мутаваққиф шуда ва дубора аз сар гирифта шуда.

Матолиби муртабит