Баррасии орои интихоботи Афғонистон мутаваққиф шудааст

  • 20 Июл, 2014
Нурмуҳамади Нур
Image caption Оқои Нур: Пас аз ҳали ихтилофи ду ситод раванди баррасии оро аз сар гирифта мешавад

Ихтилофоти байни ду ситоди интихоботӣ бар сари ташхис ва эътибори имзо дар баргаи раъйдиҳӣ сабаби таваққуфи баррасии орои даври дувуми интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон шудааст.

Нурмуҳамади Нур, сухангӯи кумиссиюни мустақили интихобот мегӯяд, ки ин ихтилоф боъис шуд, ки дирӯз раванди баррасии оро якуним соъат зудтар поён ёбад.

Ӯ афзуд, ки ин раванд пеш аз зуҳри имрӯз низ сурат нагирифт ва акнун гуфтугӯ байни намояндагони ду ситоди интихоботӣ, Созмони Милали Муттаҳид ва кумиссиюни мустақили интихобот ҷараён дорад ва баъд аз ҳалли ихтилоф раванди баррасии оро аз сар гирифта хоҳад шуд.

Оқои Нур мегӯяд, ки ба асоси тарзуламали кумиссиюни мустақили интихобот имзо ё шаст кардан (гузоштани асари ангушт) дар баргаи раъйдиҳӣ, ки ҳувияти фардро тасбит кунад, раъйро беътибор месозад.

Ӯ гуфт: "Баҳси намояндагони номзадон ин буд, ки чиро имзо бигӯянд ва чиро на? Чанд хатте, ки дар муқобили номи номзад тарсим шуда, имзо аст ва ё аломат? Оё ин эътибор дорад ё на? Яке аз ситодҳо онро боэътибор медонист ва ситоди дигар назари мухолиф дошт."

Баррасии орои интихоботи Афғонистон ва интиқоли сандуқҳои раъй аз вилоёт ба Кобул рӯзи панҷшанбеи 24 тир/саратон (15 июл) оғоз шуда буд.

Сухангӯи кумиссиюни мустақили интихобот мегӯяд, ки аз оғози раванд то ҳоло 435 сандуқ баррасӣ шудааст.

Ӯ ҳамчунин мегӯяд, ки шуморе аз сандуқҳои орои вилоёт низ ба марказ расида ва акнун аз маҷмуъи наздик ба 23 ҳазор сандуқи раъй ҳудуди 8 ҳазору 680 сандуқ ба шумули се ҳазор сандуқи вилояти Кобул дар марказ мавҷуд аст.

Image copyrightAFP
Image caption Баррасии орои интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон панҷшанбе оғоз шуд

Ба гуфтаи вай интиқоли сандуқҳои раъй ҳамчунон идома дорад.

Интиқоли сандуқҳои раъй аз суи нерӯҳои амниятии афғон, НОТУ ва нерӯҳои ёрии байналмилалӣ (Ойсоф) ба ҳамроҳии намояндагони кумиссиюни мустақили интихобот, Созмони Милали Муттаҳид ва ду ситоди интихоботӣ сурат мегирад.

Қарори маълумоти кумиссиюни интихобот акнун 559 нозир аз ду ситоди интихоботӣ, 307 нозир аз ниҳодҳои дохилӣ ва 282 нозири байналмилалӣ бар раванди баррасии оро назорат мекунанд.

Баррасии кулли орои интихоботи Афғонистон

Баррасии орои интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон пас аз гузашти 24 соъат аз тавофуқи ду номзади ин интихобот бояд рӯзи душанбеи ҳафтаи гузашта оғоз мешуд, аммо оғози ин раванд се рӯз ба таъхир уфтод.

Номзадҳои интихоботии Афғонистон бо миёнҷигарии Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷаи Омрико барои ҳали буҳрони интихобот тавофуқ карданд, ки тамомии орои даври дувуми интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон дар Кобул мавриди баррасии дубора қарор бигирад то "орои пок аз орои нопок" ҷудо шавад.

Дар торихи шонздаҳуми тир/саратон (7 июл) кумиссиюни мустақили интихобот натиҷаи муқаддамотии интихобот шомили пирӯзии Ашрафғанӣ Аҳмадзайро эълом кард, аммо Абдуллоҳ Абдуллоҳ рақиби ӯ билофосила ин натиҷаро ғайриқобилиқабул хонд ва ситоди интихоботии ӯ зимни мухолифат бо зимомдории оқои Аҳмадзай аз эҳтимоли ташкили давлати мувозӣ ва ҷудоӣ аз давлати баъдӣ сухан гуфт.

Дар муқобил оқои Аҳмадзай зимни ибрози хурсандӣ аз натиҷаи эъломшуда аз бархурди рақиби интихоботии худ ибрози таассуф кард ва аз ӯ хост то ба қонун тамкин кунад.

Барои ҳалли буҳрони бавуҷудомада вазири умури хориҷаи Омрико ба Кобул сафар кард.

Ӯ бо оқоён Абдуллоҳ ва Аҳмадзай ва Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳурии Афғонистон дидор кард ва баъдан дар як нишасти хабарӣ эълом кард, ки буҳрон аз байн рафта ва номзадон ба баррасии сад дарсади оро ва ташкили ҳукумати ваҳдати миллӣ тафоҳум карданд.

Матолиби муртабит