Вазири молияи Афғонистон: Буҳрони интихобот 5 миллиёрд дулор ба иқтисод садама зад

Ҳазратумар Зохилвол, вазири молия/дороии Афғонистон дар гуфтугӯ бо Би-би-сӣ эълом кард, ки тулонӣ шудани раванди интихобот дар Афғонистон беш аз 5 милёрд дулор ба иқтисоди ин кишвар садама зада ва дар ҳудуди 6 милёрд дулор сармояи шахсии мардум низ аз ин кишвар хориҷ шудааст.
Ӯ афзуд, ки ин зарари иқтисодӣ таъсире тулонимуддати худро ҳатто баъд аз интихобот низ хоҳад дошт ва коҳиши таъсироти ин зиёни иқтисодӣ муддати зиёдеро дар бар хоҳад гирифт.
Вазири молияи Афғонистон дар идома ҳушдор дод дар сурати тулонитар шудани раванди интихобот ва адами эъломи натоиҷи он Афғонистон дучори буҳрони молӣ мешавад.
Ӯ тасреҳ кард, ки дар он сурат давлат даромади мавриди ниёзро нахоҳад дошт то ҳуқуқи кормандонашро бипардозад ва дар сурате ки давлат қодир ба пардохти ҳуқуқи кормандонаш набошад, буҳрони ҷиддӣ дар кишвар шакл хоҳад гирифт.
Вазири молия ҳамчунин ҳушдор медиҳад дар сурати тулонӣ шудани раванди интихобот давлат маҷбур хоҳад шуд, ҳуқуқи кормандони давлатро коҳиш диҳад ва бархе аз кормандонро низ аз вазоифашон барканор кунад.
Оқои Зохилвол ба Би-би-сӣ гуфт, ки тулонӣ шудани интихобот боиси коҳиши даромадҳои молиётии ин кишвар шудааст.
Бар асоси эъломи вазорати молия даромади имсол нисбат ба соли гузашта 25 дарсад коҳиш ёфтааст.
Вазири молия дар бораи ҷузъиёти ин хисороти иқтисодӣ ва коҳиши даромади давлати Афғонистон иттилоъоти зиёде ироа накард, вале соҳибназарони иқтисодӣ муътақиданд, ки вобастагии буҷети Афғонистон ба кумакҳои байналмилалӣ боъис шуда, ки ин буҷет ҳамвора шикананда ва осебпазир бошад.
Дар санади буҷаи соли 1393 Афғонистон низ вазорати молияи Афғонистон ёдовар шуда буд, ки буҷаи оддии имсол, ки аз даромади дохилӣ таъмин мешавад, нисбат ба соли гузашта коҳиши 9 милёрд афғонӣ (ҳудуди 160 миллиюн дулор) хоҳад дошт.
Илова бар он коҳиши мизони кумакҳои хориҷӣ низ фишори фазояндаро ба буҷаи давлати Афғонистон дар соли ҷории хуршедӣ ворид кардааст. Далели коҳиши кумакҳо адами имзои мувофиқатномаи амниятӣ миёни Омрико ва Афғонистон ва адами тасвиб ба ҳангоми баъзе қавонини муҳим, ҳамонанди қонуни маъодин дар ин кишвар хонда шудааст.
Дар ибтидои сол низ касри буҷети Афғонистон 446 миллиюн дулор эълом шуда буд, ки ба назар мерасад акнун ин мизон ба маротиб бештар аз ин бошад.
Адами имзои мувофиқатномаи амниятӣ бо Омрико низ ба иқтисоди Афғонистон садама задааст
Илова бар он дар буҷети имсол 479 миллиюн дулор низ аз манобеи ғайримолиётӣ ва даромади маъодини Афғонистон пешбинӣ шуда буд, ки давлат то кунун борҳо эълом карда, ки бо адами тасвиб ба ҳангоми қонуни маъодин на танҳо қодир ба таъмини ин миқдор буҷа нашуда, балки боъиси фирори сармоягузорони хориҷӣ аз ин кишвар шудааст, шуморе аз кумаккунандагони хориҷӣ низ кумакҳои худро ба давлати Афғонистон ба ин далел мунҷамид кардаанд.
Маҷмуъи буҷети одӣ ва тавсаъаи мавриди ниёзи вазорат ва ниҳодҳои давлати Афғонистон дар соли ҷории молӣ 7,9 милёрд дулор эълом шуда буд, ки ба гуфтаи вазорати молия 7,5 милёрд дулори он таъмин шуда буд.
Аз ин миқдор 2,3 милёрд дулор аз манобеъи дохилӣ ва 5,1 милёрд дулор аз кумакҳои манобеъи хориҷӣ бояд таъмин мешуд.
