Нетонёҳу мегӯяд ҷанги Ғазза як "пирӯзӣ" барои Исроил буд

Бинёмин Нетонёҳу, нахуствазири Исроил, мегӯяд даргирии ҳафтҳафаӣ дар Ғазза бо "пирӯзии" Исроил поён гирифтааст. Ӯ ҳамчунин таҳдид кард, ки агар рокете аз Ғазза ба сӯйи Исроил ё манотиқи ишғолӣ шиллик шавад, Исроил ҳатто сангинтар аз пеш вокуниш нишон медиҳад.
Ба гуфтаи оқои Нетонёҳу, ҷунбиши фаластинии Ҳамос дар ҷараёни даргирии ахир "сахт зарба хӯрд ва ба ҳеҷ як аз хостаҳояш нарасид."
Дар сӯйи дигар ҳам Ҳамос, ки кунтрули Ғаззаро дар даст дорад, гуфтааст оташбаси номаҳдуди ахир байни исроилиҳо ва фаластиниҳо як пирӯзӣ буда ва роҳпаймоии бузурге барои бузургдошти он баргузор кард.
Пас аз панҷоҳ рӯз даргирии шадид, ки дар он беш аз 2200 нафар ағлаб аз тарафи фаластинӣ кушта шуданд, аз рӯзи сешанбе дар Ғазза оташбас иҷро шудааст.
Бинёмин Нетонёҳу дар як нутқи телевизиюнӣ гуфт, ки Исроил "бо ҳеҷ як аз хостаҳои Ҳамос мувофиқат накард".
Ин суханони нахуствазири Исрои соъате пас аз он матраҳ шуд, ки барои аввалин бор аз замони муҳосираи Ғазза дар ҳафт соли ахир як корвони ҳомили кумакҳои Созмони Милали Муттаҳид тавонист аз мрзи Миср вориди борикаи Ғазза шавад.
Бардоштани муҳосираи шадиди Ғазза хостаи аслии фаластиниён дар ҷараёни музокироте буд, ки ба барқарории ин оташбаси номаҳдуд анҷомид.
"50 рӯзи ранҷи амиқи башарӣ"
Маҳмулаи кумакҳои Барномаи Ҷаҳонии Ғизо аз Созмони Милал барои аввалин бор пас аз ҳафт сол муҳосираи Ғазза тавонист вориди ин борика шавад; маҳмулае кофӣ барои тағзияи 150 ҳазор нафар барои 5 рӯз.
Дар Ғазза пас аз он ки оташбас дар кулли рӯзи чаҳоршанбе пойдор монд, ҳазорон фаластинӣ шурӯъ кардаанд ба хонаҳояшон баргарданд.
Бо рафъи маҳдудиятҳо, қоиқҳои моҳигирӣ ҳам ба дарё задаанд.
Дар ҳамин ҳол муҳандисҳо дар талошанд, ки зерсохтҳои осебдида аз ҳамлаҳои ҳавоӣ ва оташбори Исроилро таъмир кунанд.
Ба омори Созмони Милал беш аз 17 ҳазор сохтмон дар Ғазза вайрон шуданд ё башиддат осеб диданд ва ҳудуди ним милюн нафар, яъне беш аз як чаҳоруми кулли ҷамъияти Ғазза вайрон шуданд ё башиддат осеб диданд ва ҳудуди ним милюн нафар яъне беш аз як чаҳоруми кулли ҷамъияти Ғазза дар дохили ин борика овора шудаанд.
Дар Исроил дигар ожирҳои хабардиҳанда аз рокетҳои шилликшуда аз Ғазза ба садо дарнаомаданд ва артиш ҳам гуфтааст, ки аз замони иҷрои оташбас мавриде аз нақзи он аз сӯйи фаластиниҳо набудааст.
Бон Ки-мун, дабири кулли Созмони Милал, аз поёни ин давр аз даргириҳо истиwбол карда ва дар айни ҳол ҳушдор додааст, ки оянди беҳтар барои шаҳрвандони латмадида аз ин хушунатҳо ба пойдор будани оташбас бастагӣ дорад.
Ӯ гуфтааст пас аз панҷоҳ рӯз ранҷи амиқи башарӣ ва вайронии густарда ҳар гуна нақзи ин оташбас мутлақан номасъулона аст."
Оташбаси ҷорӣ хостори сабук шудани кунтрули марзӣ барои Ғазза дар Исроил ва дар Миср мешавад, то ба кумакҳои имдодӣ ва масолеҳи сохтмонӣ иҷоза дода шавад ба Ғазза бирасанд. Маҳдудаи моҳигирӣ ҳам барои ағолии Ғазза густариш пайдо кардааст.
Ҳар ду тараф пазируфтаанд, ки дар музокироти ғайримустақиме, ки қарор аст зарфи як моҳ дар Қоҳира, пойтахти Миср оғоз шавад, ба масоили дарозмуддат бипардозанд; аз ҷумла хостаи фаластиниҳо барои эҳдоси як бандар дар Ғазза ва озодии зиндониҳои Ҳамос дар каронаи бохтарии рӯди Урдун ва ҳамин тавр хостаи исроилиҳо барои халъи силоҳи шибҳнизомиён дар Ғазза.
Расонаҳои исроилӣ гузориш медиҳанд, ки Бинёмин Нетонёҳу тарҷеҳ додааст тарҳи оташбаси ҷориро дар кобинеи амниятиаш ба раъй нагузорад чун вазироне, ки хостори идомаи ҳамлаҳо ба Ғазза шуда буданд, бо он мухолифат мекунанд.
