Ҳамос: Бо Исроил бар сари оташбас ба тафоҳум расидем
Image copyrightAFP GETTYМусо Абумазруқ, аз музокиракунандагони аршади Ҳамос мегӯяд, ки ин гурӯҳи фаластинӣ дар музокироти Қоҳира бо Исроил бар сари поён додан ба ҷанги панҷоҳрӯза дар Ғазза ба тавофуқ расида. Исроил ҳануз ин хабарро таъйид накардааст.
Исмоъил Ҳания, муъовини раҳбари сиёсии Ҳамос дар Ғазза ҳам гуфтааст: "Ба расидан ба тафоҳуме диплумотик бисёр наздик шудаем, ки дар ростои мавзеъи қотеъи мардуми мо ва ҳамоҳанг бо равиши муқовимат аст".
Мақомоти фаластинӣ ҷузъиёти ин "тафоҳум"-ро эълом накардаанд, аммо гуфтаанд, ки базудӣ расман эълом хоҳад шуд.
Беш аз ду ҳазор нафар дар ҷараёни даргириҳои ахири Ғазза кушта шудаанд, ки аксари онҳо фаластинӣ будаанд.
