Исроил: 13 сарбози артиш дар Ғазза кушта шудаанд
Image copyrightBBC World ServiceАртиши Исроил таъйид кардааст, ки 13 сарбози исроилӣ шанбешаб дар даргирӣ бо Ҳамос дар навори Ғазза кушта шудаанд.
Артиши Исроил дар баёнияе номи ин афродро эълом карда ва гуфта, ки онҳо нерӯҳои типи Ҷулонии Исроил будаанд.
Ба ин тартиб шумори куштаҳои низомии Исроил дар ҷанги Ғазза ба 18 нафар расидааст. Ду ғайринизомӣ ҳам дар дохили Исроил кушта шудаанд.
Пештар Ҳамос аз кушта шудани 14 сарбози исроилӣ дар як камин хабар дода буд.
Артиши Исроил ҳамалоти заминӣ, ҳавоӣ ва дарёии худ ба Ғаззаро аз рӯзи шанбе, 19 июл ба шиддат афзоиш додааст.
Гулӯлаборони сангин ва бевақфаи минтақаи Шуҷоъия дар шарқи Ғазза, ки аз шанбешаб шуруъ шуда, беш аз 60 кушта ба ҷой гузоштааст.
Тасовире, ки аз минтақаи Шуҷоъия мунташир шуда, аҷсодеро нишон медиҳад, ки ба далели маҳдудияти дастрасии имдодгарон ва омбулонсҳо дар хиёбон ва зери овор раҳо шудаанд.
Аҷсоди занон ва кӯдакон ҳам дар ин тасовир дида мешавад.
Дастрасии нерӯҳои имдодӣ ва омбулонсҳо ба ин минтақа ба далели шиддати ҳамалот бисёр маҳдуд шудааст.
