'Лабханди Худо': Рӯнамоии китоби ашъори Абдулғафури Орзӯ дар Душанбе

  • 23 Апрел, 2014
Абдулғафури ОрзуImage copyrightBBC World Service
Image caption Маҳфили рӯнамоии китоби Абдулғафури Орзу дар сафорати Афғонистон дар Душанбе баргузор шуд

Сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон бо баргузории маросиме китоби ашъори дуктур Абдулғафури Орзу, сафири Афғонистон дар Душанберо бо номи "Лабханди худо" муъаррифӣ кард.

Дар ин маросим, ки баъд аз зуҳри рӯзи сешанбеи 22 апрел баргузор шуд, шуъаро ва нависандагон, пажӯҳишгарон ва рӯзноманигорони тоҷику афғон ширкат доштанд.

Китоби "Лабханди Худо" бо теъдоди як ҳазор нусха дар чопхонаи мавсум ба "Мего-принт" дар шаҳри Душанбе бо ҳуруфи форсӣ ва сириллик мунташир шудааст. Нависагардонии ашъори оқои Орзуро аз форсӣ ба сириллик Вафо Элбоев, устоди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон, анҷом додааст.

Намунаҳои ҷудогонае аз ашъори ӯ дар гузашта ба хатти сириллик дар нашрияҳо ва маҷаллоти Тоҷикистон ва дар маҷмӯъаҳои шеърии мухталифе ҳамроҳ бо осори шоъирони дигар чоп шудаанд, вале бори нахуст аст, ки як китоби ашъори ӯ ба хатти сириллик ба таври комил мунташир мешавад.

Ин китоб ҳамчунин ҳовии се мақола аз Абдуҷаббор Раҳмонов, раиси Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон, Муҳаммад Довуди Мунир, пажӯҳишгар ва устоди Донишгоҳи Ҳирот, ва Абдунабӣ Сатторзода, мунтақиди адабӣ, аст, ки дар онҳо ашъори оқои Орзу мавриди баррасӣ ва нақди адабӣ қарор гирифтааст.

Сафир - шоъир

Дуктур Абдулғафури Орзу аз маъдуд суфарои хориҷӣ дар Тоҷикистон аст, ки кутуби ашъорашро дар ин кишвар (ба хатти сириллик) мунташир кардааст. Албатта, дар гузашта китобҳое аз Алӣ Асғари Шеърдӯст, сафири Эрон дар Тоҷикистон, низ чоп шудаанд, вале онҳо бештар пажӯҳишӣ будаанд.

Image copyrightBBC World Service
Image caption Дуктур Орзӯ гуфт, ки ӯ сафир ҳам ба маънои диплумот ва ҳам ба маънои "овои осмонии ишқ, озодӣ ва дӯстӣ" аст

Ба гуфтаи Абдунабӣ Сатторзода, донишманди тоҷик, ба кори шеъру шоъирӣ пардохтани суфарову диплумотҳо ва сиёсатмадорон, ва баръакс ба кори диплумосӣ иштиғол варзидани адибону олимон дар торих бесобиқа нест.

Оқои Сатторзода, ки худ низ муддате диплумот буд, мегӯяд: "Номҳои Низомулмулк, вазири салҷуқиён, Аҳмади Дониш, диплумоти номии иморати Бухоро, Пушкин ва Тютчев, шоъирони тирози аввали русӣ, Александр Грибоедов, сафири мухтори Русияи тезорӣ дар Эрон, ва дигарон маъмулу машҳур мебошад."

Вай меафзояд: "Шеъру шоъирӣ, кори адабӣ барои сафири муҳтарам Абдулғафури Орзу як воситаи баёни андешаву мулоҳизаҳоест, ки аз чорчӯби таҳқиқоти илмӣ ва фаъъолияти диплумотикаш берун мемонанд."

Худи дуктур Орзӯ дар ҷаласаи рӯнамоии китобаш дар сафорати Афғонистон дар Душанбе бо ишора ба ду вожаи "сафир" дар забони форсӣ мегӯяд, ки ӯ танҳо сафири Афғонистон дар Тоҷикистон нест, бал сафир ва садои дӯстию ҳамбастагии мардуми кишвараш бо мардуми Тоҷикистон ҳам мебошад.

Вай гуфт: "Дар хатти Рӯдакӣ мо ду вожа дорем: яке "сафир" ба син (سفیر) ва дувумӣ "сафир" ба сод (صفیر). Фарҳехтагон медонанд, ки "сафир" (бо син) намояндаи фавқулъода ва томулихтиёри як кишвар дар кишвари дигар аст ва аз кишвар ва миллати худ дар кишвари дигар намояндагӣ мекунад. Аммо "сафир" (бо сод) ба маънои овои осмонии ишқ, озодӣ ва дӯстӣ аст. Ман ифтихор дорам, ки бо масъулияти сиёсӣ (سفیر) ва масъулияти фарҳангӣ ва тамаддунӣ (صفیر) робитаи дӯстонаи ду кишварро мустаҳкамтар месозам."

Оқои Орзу дар сарсухане, ки барои китоби ашъори худ навишта, дар истинод ба пажӯҳишгарони улуми сиёсӣ мегӯяд машрӯъияти равобити ду кишвар мунҳасир ба иродаи давлатмардон нест, балки ношӣ "аз ҳамгироӣ ва вифоқи" мардумонест, ки рӯзгоре дар як густараи фарҳангии муштарак канори ҳам мезистанд.

Вай ончиро ки "диплумосии фарҳангӣ" хонда, заминасози таҳкиму густариши ҳамгироӣ ва шинохти мутақобили мардумони ҳарду кишвари Тоҷикистону Афғонистон арзёбӣ мекунад.

Дуктур Орзу навишта: "Дар ҷуғрофиёи бузурги фарҳангу тамаддуни муштарак ҳар гуна роҳбурди сиёсӣ бояд бо роҳкорҳои фарҳангӣ мавзуну аёр гардад, роҳкорҳое, ки фароянди шинохтро ниҳодина месозад. Китобороӣ ба маънои васеъи калима аз шохисаҳои боризи чунин роҳкорҳоест."

'Сарзамини оташу хун'

Пруфессур Абдунабӣ Сатторзода муътақид аст, ки ашъори оқои Орзу бо сарнавишти ватанаш, ки солҳо даргири ҷанг аст, пайванди ногусастанӣ дорад.

Image copyrightBBC World Service
Image caption Оқои Сатторзода мегӯяд, ки бахши умдае аз ашъори оқои Орзу "бардошти шоъиронае аз ҷанг дар Афғонистон" аст

Худи ӯ намояндаи насле маҳсуб мешавад, ки пас аз кудето ё ба истилоҳ инқилоби Саври соли 1978 маҷбур шуд ватанашро тарк кунад ва "солиёни дароз дар ғурбат, дар беватанӣ, оворагӣ, дардмандӣ, дилтангӣ ва танҳоӣ рӯз гузаронад."

Дар мақолаи худ зери унвони "Наҷвогари сарзамини оташу хун", оқои Сатторзода менависад: "Бахши умдаи сурудаҳои Абдулғафури Орзу бардошти шоъиронае аз ҷанги ватанхоҳонаи мардуми Афғонистон бар зидди истилогарони хориҷӣ, "лашкари ифрити замон", "сипоҳи деви Кремлин" буд."

Ӯ ҷойи дигар мегӯяд, ки оқои Орзу ба унвони як шоъири меҳанпараст "ба тақозои замони ҷанг" аз худ ва қаламкашони дигари кишвараш даъват карда буд, ки хомаро аз каф бигзоранду мусалсал ба дӯш гиранд ва ба мубориза алайҳи душманон бархезанд:

Бигзор хомарову мусалсал ба дӯш гир, Фарёди шоъиронаи ҷанг аст, гӯш гир! Эй шоъири ҳамосасаро, кӯ туфанги ту? Кӯ самбулу шаҳомату имону нанги ту?

Ва ё

Бархез, ҳамватан, ки ватан дар асорат аст, Омоҷи тӯпу мушаки деви шарорат аст, Халқи ватан ба ғуссаву дарду ҳақорат аст, Аз мо ба навҷавони ватан як ишорат аст...

Тайи даврони сафораташ дар Тоҷикистон дуктур Абдулғафури Орзӯ ашъоре дар бораи Тоҷикистон низ навиштааст, ки яке аз онҳо рӯйи ҷилди китоби "Лабханди Худо" дарҷ шудааст:

Image copyrightBBC World Service
Image caption Раҳмонов: "Орзу рози ошиқонро ифшо карда, зебоиҳои ҳаётро дар муносибати онҳо бозтоб месозад, барои ӯ дарди ошиқ, сӯзи вай бегона нест"

Тоҷикистон! Тоҷикистон! Эй куҳанманзумаи сабзи Хуросон, Ёди ёри меҳрубонат ҷовидон бодо, Бӯйи ҷӯйи Мӯлиёнат ҷовидон бодо. Ҷовидон бодо сурудат, Нағмаҳои чангу удат, Чашмасоронат хурӯшон бод, Кӯҳсоронат зарафшон бод, Эй куҳанманзумаи сабзи Хуросон, Тоҷикистон.

Абдулғафури Орзу ҳам ба сабки суннатӣ ва ҳам ба шеваи ҷадид ё ончи "шеъри нав" хонда мешавад, ашъоре сурудааст. Ба гуфтаи оқои Сатторзода, вай дар анвоъи мухталифи шеъри суннатӣ ва нави форсӣ, монанди ғазал, рубоъӣ, чаҳорпора, тазмин ва ҳамоса маҳорати хешро озмуда ва муваффақ ҳам шудааст.

Дар мақолаи Абдуҷаббор Раҳмонов зери унвони "Гулқанди шеър дар чакомаи хиёли дуктур Абдулғафури Орзу" омадааст: "Шеърҳои ӯ мазмунҳои баланд, тасвирҳои ҷолиб, баёни муъҷаз ва таъбирҳои латифе доранд, ки ҳар кадом дар матн дар ҷойи худ омада, ҳадафманданд ва қолаби шеърҳои ӯро мукаммал сохтаанд."

Ин устоди донишгоҳ муътақид аст, ки оқои Орзу аз шуъарои бузурги порсӣ таъсироти чашмгире бардошта ва дар сурудаҳояш "бӯйи ашъори орифонаи Мавлонои Балхӣ, оҳанги ошиқонаи Ҳилолӣ, хиради мутафаккиронаи Ҷомӣ, ҳикмати шомилаи Бедил ва иродаву азми ватандӯстонаи Мойили Ҳиравӣ" эҳсос мешавад.

'Бинише ирфонӣ'

Аз мавзӯъоте, ки ба назари оқои Раҳмонов, дар ғазалҳои Орзу ҷойгоҳи хоссе дорад, мавзӯъи ишқ аст: "Вай дунё ва рози ошиқонро ифшо карда, зебоиҳои ҳаётро дар муносибати онҳо бозтоб месозад. Барои шоъир дарди ошиқ, сӯзи вай бегона нест. Ба ҳамин хотир, ӯ дар ғазалҳояш хеле нозукона маънои расидан ба висол, арзиши муҳаббат ва қадри меҳру вафоро... бо камоли кордонӣ тасвир сохтааст."

Муҳаммад Довуди Мунир, устоди Донишгоҳи Ҳирот, ки ҷанбаҳои зебоишинохтии ашъори оқои Орзуро ба баррасӣ гирифта, менависад, ки ӯ "бо тавоноӣ ва маҳорат" аз шеваҳои мухталифи ҳунарӣ кор гирифтааст.

Вай мегӯяд: "Аз буъди ҳунарӣ ва зебоишинохтии сухан, тарфандҳо ва шеваҳои зиёдеанд, ки ҳикоят аз огоҳӣ, ошноӣ ва таровиши ҳисси зебоишиносонаи шоъирро доранд. Афзун бар он чи зери унвонҳои ҳамсадоӣ, ҳамҳуруфӣ, такрор ва ғайра омад,.. абзори ҳунарии фаровони дигаре ҳам ҳаст, ки ин вазинномаро хонданӣ ва пазируфтанӣ месозанд."

Ин пажӯҳишгари афғонистонӣ муътақид аст, ки дуктур Орзу "диде шуҳудӣ ва бинише ишроқӣ" ба ҳастӣ дорад ва ин амр на танҳо дар пажӯҳишҳои ӯ дар бораи ирфон, балки дар басомади истифода аз вожагоне ҳам, ки "метавонанд калиди вожагони зеҳнии шоъир бошанд", низ машҳуд аст.

Image copyrightBBC World Service
Image caption Оқои Орзу шеърҳое дар бораи Тоҷикистон низ навиштааст

Зиндагӣ замзамаи сабзи нигоҳи ишқ аст, Дил агар пар зада аз дида, гуноҳи ишқ аст. Шаб, ки бо қатраи ашкам чакад овои суҷуд, Мастии субҳи азал, завқи пагоҳи ишқ аст. Он ки дорад нафаси гарми Масеҳо дар дил, Бар лабаш замзамаи сабзи илоҳи ишқ аст.

Оқои Мунир дар зимн ёдовар шуда, ки беш аз бисту анд сол боз дӯстону наздикон ва иродатмандони Абдулғафури Орзу, шоъир ва диплумоти 53-сола ва мутаваллиди Ҳирот, ки аз соли 2010 ба ин сӯ сафири Афғонистон дар Тоҷикистон аст, ба ӯ "Мавлоно" хитоб мекунанд.

Вай фориғуттаҳсили риштаи адабиёти форсӣ дар Донишгоҳи тарбияти мударриси Теҳрон буда ва муддате муъовини сафири Афғонистон дар Эрон ва мушовири вазири хориҷаи Афғонистон буд.

Тайи солҳои зиндагӣ дар Афғонистону Эрон ва Тоҷикистон дуктур Абдулғафури Орзу ашъори зиёде суруда, ки дар маҷмӯъаҳои шеърие ба номҳои "Ҷоритар аз ҳамеша", "Чашм дар чашми ойина", "Суруди мусалсал" ва "Ҳамосаи Сотӣ Барзан" мунташир шудаанд.

Вай ҳамчунин чанд рисолаи илмию пажӯҳишӣ ва кутубе, монанди "Хӯшаҳое аз ҷаҳонбинии Бедил", "Диранге дар адабиёти Фаранг", "Шод зӣ...(дар қаламрави Рӯдакӣ)", "Муқоисаи инсони комил аз дидгоҳи Бедил ва Ҳофиз", "Дар хонаи офтоб" (дар бораи Бедил), "Агар Фарҳод шуд, Ширин бимонод" дар бораи достони "Хураву Ширин"-и Низомӣ, "Нақди Халилӣ", "Шеъру шуҳуди орифона" ва ғайра интишор додааст.

Матолиби муртабит