Ҳамлаи пайкорҷӯён ба полоишгоҳи гози Яман 5 кушта бар ҷой гузошт

Манобеъи низомӣ дар Яман гуфтаанд шӯришиёне, ки занни он меравад бо Алқоъида муртабит бошанд, дар ҷараёни ҳамла ба полоишгоҳи содироти гоз дар ҷануби ин кишвар 5 сарбозро куштанд.
Ҳамла ба терминоли гози Балҳоф дар устони Шабва ду ҳафта пас аз он сурат гирифта, ки ҳамалоти ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини омрикоӣ алайҳи пайкорҷӯёни Алқоъида афзоиш ёфтааст.
Омрико аз кушта шудани дасти кам сиву ҳашт пайкорҷӯ дар ҷараёни ин ҳамалот хабар додааст.
Сафоратхонаҳо ва консулгариҳои Омрико дар Офриқо ва Ховари Миёна, ки ба далели нигарониҳои амниятӣ дар ҳафтаи гузашта таътил буд, бори дигар дар рӯзи ҷумъа (9 август) фаъолиятҳояшонро аз сар гирифтанд.
Аммо вазорати хориҷаи Омрико дар баёнияе гуфтааст, ки сафоратхонаи ин кишвар дар Санъо, пойтахти Яман ҳамчунон таътил аст.
Омрико ҳамчунин аз аксари коркунони сафоратхонаи худ дар Яман хоста буд, то хоки ин кишварро тарк кунанд.
Яман яке аз пойгоҳҳои Алқоъида дар шибҳҷазираи Арабистон ба шумор меравад. Шохае аз Алқоъида, ки аз назари мақомоти Омрико барои Ғарб бисёр хатарнок аст.
