Бозгушоии сафоратҳои Омрико дар Ховари Миёна ва шимоли Офриқо

  • 10 Август, 2013

Омрико мегӯяд 18 сафорат ва намояндагияш дар Ховари Миёна ва шимоли Офриқо кори худро аз сар мегиранд.

Пештар Омрико 19 дафтари сафорат ва намояндагии худро дар ин минтақа ба далели нигарониҳои амниятӣ таътил карда (баста) буд.

Яман танҳо кишварест, ки сафорати Омрико дар он ҳамчунон таътил хоҳад монд.

Мақомҳои омрикоӣ эълом карданд ин сафорат ба далели "идомаи нигарониҳои амниятӣ" баста хоҳад монд.

Ин дар ҳолест, ки Омрико рӯзи панҷшанбе сафорати худ дар Лоҳур дар Покистонро низ таътил кард ва аз ҳамаи кормандони ғайризарурии худ хост онҷоро тарк кунанд.

Ҷен Сокӣ, сухангӯйи Вазорати хориҷаи Омрико, гуфт: "Мо ҳамчунон ба баррасии таҳдидҳои амниятӣ дар Лоҳур ва Санъо идома медиҳем ва бар асоси ин иттилоъот дар бораи бозгушоии онҳо тасмим хоҳем гирифт.

Вай ҳамчунин гуфт Омрико шароитро бадиққат бозбинӣ хоҳад кард, то аз амният ва саломати кормандон ва шаҳрвандони худ дар ин кишварҳо итминон ҳосил кунад.

Матолиби муртабит