Омрико ба кормандони худ дастур дод аз Лоҳури Покистон хориҷ шаванд

  • 9 Август, 2013

Вазорати хориҷаи Омрико ба куллия кормандони ғайризарурии худ дар шаҳри Лоҳури Покистон дастур додааст, ки ин кишварро тарк кунанд.

Як мақоми омрикоӣ гуфт кишвараш "таҳдидҳое мувассақро" дар бораи сафорати худ дар Лоҳур дарёфт карда ва ба ҳамин далел дастури хуруҷи кормандонро содир кардааст.

Вай гуфт тахлияи кормандон танҳо як иқдоми пешгирона аст ва бо баста шудани дафотири дигари Омрико дар минтақа муртабит нест.

Ҳамзамон вазорати хориҷаи Омрико аз шаҳрвандони худ хост ҳар гуна сафари ғайризаруриро ба Покистон лағв кунанд.

Ин мақомҳо мегӯянд вуҷуди чандин гурӯҳи теруристии хориҷӣ ва бумӣ дар Покистон ҳузури омрикоиҳоро дар ин кишвар бо хатар рӯбарӯ мекунад.

Тайи ҳафтаи гузаштаи Омрико пеш аз 19 сафорат ва намояндагии худро дар шаҳрҳои мухталифи Ховари Миёна ва шимоли Офриқо таътил кард.

Давлати Бритониё низ ҳамин равияро дунбол кардааст.

Ин ду кишвар ҳамчунин аз шаҳрвандони худ хостаанд сафарҳои ғайризарурии худро ба ин манотиқ ба таълиқ биандозанд.

Гузориш шуда, ки шунуди муколимоти ду узви аршади Алқоъида боъиси ин иқдом шудааст.

Пештар як манбаъи амниятӣ ба хабарнигори Би-би-сӣ гуфт, ки созмони иттилоъотии Яман иттилоъоте ба даст оварда, ки ҳокӣ аз барномарезии даҳҳо узви Алқоъида барои иҷро гузоштани амалиётҳои интиҳорӣ дар Яман будааст.

Ин дар ҳоле аст, ки давлати Яман низ эълом кард, ки як тарҳи бумбгузорӣ тавассути аъзои Алқоъидаро хунсо кардааст.

Матолиби муртабит