Омрико аз шаҳрвандони худ хост, ки хоки Яманро "фавран" тарк кунанд

  • 6 Август, 2013
худрави зиреҳӣ дар пойтахти Яман
Image caption Пойтахти Яман шоҳиди иқдомоти амниятии бесобиқа аст ва худравҳои зиреҳӣ дар атрофи кохи раёсати ҷумҳурӣ, марокизи муҳим ва сафоратхонаҳои ғарбӣ мустақар шудаанд

Омрико ба кулияи кормандони ғайризарурии сафорати худ дар Яман дастур додааст, ки билофосила ин кишварро тарк кунанд.

Вазорати умури хориҷаи Омрико ҳамчунин аз шаҳрвандони ин кишвар дар Яман хоста, ки аз Яман хориҷ шаванд.

Вазорати умури хориҷаи Омрико мегӯяд, ки ба далели фаъъолиятҳои терруристӣ мизони таҳдид ба шиддат афзоиш ёфтааст.

Ҳушдори ин вазоратхона соъоте пас аз ҳамлаи ҳавопаймои бидуни сарнишини ин кишвар ба аҳдофе дар Яман сурат гирифт, ки гуфта шуда ба кушта шудани чаҳор фарди мазнун ба узвият дар Алқоъида анҷомидааст.

Давлати Бритониё низ куллияи кормандони сафорати худ дар Яманро ба таври муваққат аз ин кишвар хориҷ кардааст.

Вазорати умури хориҷаи Бритониё гуфтааст, ки ин сафоратхона то замоне ки кормандони он бознагарданд, таътили боқӣ хоҳад монд.

Вазорати умури хориҷаи Омрико рӯзи шанбе ва якшанбе беш аз 20 сафорат ва намояндагии худро дар Ховари Миёна ва шимоли Офриқо ба далели нигарониҳои амниятӣ таътил кард.

Абдуллоҳ Ғироб, хабарнигори Би-би-сӣ дар Санъо, пойтахти Яман мегӯяд, ки ин шаҳр шоҳиди иқдомоти амниятии бесобиқа аст ва садҳо худравҳои зиреҳӣ дар атрофи кохи раёсати ҷумҳурӣ, сохтмонҳои муҳими давлатӣ ва сафоратхонаҳои ғарбӣ мустақар шудаанд.

Як манбаъи амниятӣ ба хабарнигори Би-би-сӣ гуфтааст, ки созмони иттилоъоти Яман дарёфта, ки даҳҳо узви Алқоъида тайи чанд рӯзи гузашта аз манотиқи мухталиф вориди Санъо, пойтахти Яман шуда ва дар ҳоли омода шудан барои ба иҷро гузоштани амалиёти бузурге ҳастанд.

Ин манбаъ тарҳи Алқоъидаро хатарнок тавсиф карда ва гуфтааст, ки ин тарҳ эҳтимолан шомили чандин инфиҷор ва ҳамлаи интиҳорӣ алайҳи суфаро ва сафоратхонаҳои ғарбӣ ва марокизи амниятии Яман хоҳад буд.

Рӯзномаи Ню-Юрк Тоймз гуфта, ки шунуди муколамаи ду узви аршади Алқоъида боъис шуд то Омрико сафоратхонаҳои худро дар шимоли Офриқо ва Ховари Миёна таътил кунад.

Ин рӯзнома гуфта, ки Айман Алзавоҳирӣ, раҳбари шабакаи Алқоъида як тарафи муколамае буда, ки шунуд шудааст.

Интерпул, пулиси байналмилалӣ ахиран дар иртибот бо фирори аъзои муртабит бо Алқоъида аз зиндонҳои чанд кишвар ҳушдори амниятӣ содир кард.

Ба гуфтаи Интерпул Алқоъида эҳтимолан дар ҳамалоти ахир ба чандин зиндон дар 9 кишвар аз ҷумла Ироқ, Либӣ ва Покистон дахолат доштааст. Ба гуфтаи ин ниҳод, танҳо дар моҳи гузаштаи мелодӣ дар натиҷаи ҳамла ба зиндонҳо садҳо "террурист ва муҷрим" муваффақ ба фирор шудаанд.

Матолиби муртабит