Шурои ҳамкории халиҷи Форс ба буҳрони Яман расидагӣ мекунад
Image copyrightReutersКишварҳои Шурои ҳамкории халиҷи Форс мувофиқати худро бо баргузории нишасте дар Арабистони Cаъудӣ бо ҳадафи поён додан ба буҳрони сиёсӣ дар Яман эълом карданд.
Дар баёнияи мунташираи дафтари подшоҳи Арабистони Cаъудӣ гуфта шуда, ки ин нишаст ба дархости Абидрабба Мансур Ҳодӣ, раиси ҷумҳури Яман, ки ба Адан рафта, баргузор мешавад.
Шӯришиёни шиъаи Ҳусӣ, ки аз январи соли ҷорӣ кунтрули Санъо, пойтахти Яманро дар ихтиёр доранд, ҳануз вокунише дар ин бора нишон надодаанд.
Оқои Ҳодӣ рӯзи 21 феврал (2 исфанд) барои аввалин бор аз замони ҳабси хонагӣ пас аз ба қудрат расидани шӯришиёни Ҳусӣ аз манзили худ дар Санъо, пойтахт хориҷ шуда ва ба Адан рафт.
Пешравии ҳусиҳо дар Яман боъис шуд то Абидрабба Мансур Ҳодӣ, ки аз муттаҳидони Омрико буд, аз қудрат канорагирӣ кунад.
Рӯзи гузашта ҳам мақомоти Яманӣ таъйид карданд, ки женрол Маҳмуд Сабеҳӣ, вазири дифоъи ин кишвар аз Санъо ба Адан рафтааст.
Гуфта шуда фирори оқои Сабеҳӣ аз Санъо, ки дар тасаллути шибҳинизомиёни Ҳусӣ аст, иқдоме дар ҷиҳати тақвияти Абидрабба Мансур Ҳодӣ маҳсуб мешавад.
