Раиси ҷумҳури Яман "истеъфо дод"

  • 23 Январ, 2015
Image copyrightAP
Image caption Раиси ҷумҳури Яман дар истеъфои худ навиштааст ҳусиҳо кишварро дар "бунбаст" қарор додаанд

Ҳамзамон бо идомаи фишорҳои сиёсӣ аз сӯйи шибҳнизомиёни ҳусӣ дар Санъо, Абдраббуҳ Мансур Ҳодӣ, раиси ҷумҳурии Яман ва Холид Баҳоҳ, нахуствазири ин кишвар, аз мақоми худ истеъфо карданд.

Матни истеъфои ин ду мақоми яманӣ хитоб ба порлумони ин кишвар ироа шуда, аммо бино ба гузоришҳо, порлумони Яман аз пазириши онҳо худдорӣ кардааст.

Истеъфои раҳбарони Яман як рӯз пас аз имзои тавофуқномае бо шибҳнизомиёни ҳусӣ анҷом мегирад.

Сарони ҳусиҳо аз истеъфои раиси ҷумҳурии Яман истиқбол карда ва яке аз онҳо ба номи Абӯ Молик Юсуф Алфишӣ хостори эҷоди шӯрои раёсати ҷумҳурӣ шудааст.

Ба гуфтаи ин мақоми ҳусӣ, шӯрои раёсати ҷумҳурӣ шомили гурӯҳҳое ба раёсати ҳусиҳо, артиш ва бархе аҳзоби сиёсӣ хоҳад буд.

Шибҳнизомиёни ҳусӣ пеш аз интишори хабари истеъфо гуфта буданд аз мавозеъи худ дар атрофи кохи раёсати ҷумҳурӣ ва хонаи раиси ҷумҳурӣ ақибнишинӣ хоҳанд кард.

Image copyrightReuters
Image caption Авоили ин ҳафта ҳусиҳо Кохи раёсати ҷумҳурии Яманро муҳосира карданд

Омрико, ки муттаҳиди давлати Яман дар мубориза бо шибҳнизомиёни Алқоъида маҳсуб мешавад, гуфтааст шароити ин кишварро зери назар дорад.

Оқои Ҳодӣ дар матни истеъфои худ бо ишора ба шароити сиёсии Яман навиштааст аҳзоби ин кишвар ба "бунбаст" расида ва наметавонанд кори худро идома диҳанд.

Як мақоми давлатӣ ба Би-би-сӣ гуфтааст, ки ҳайъати вазирони Яман дар эътироз ба тасарруфи идороти давлатӣ ба дасти шибҳнизомиёни ҳусӣ, аз мақоми худ истеъфо кардаанд.

Холид Баҳоҳ, нахуствазири Яман, дар матни истеъфои кобина навиштааст, ки вузаро намехоҳанд пояшон ба "як калофи сиёсии ғайрисозанда кашида шавад."

Авоили ин ҳафта ҳусиҳо ба рӯи худраве ҳомили нахуствазир, ки озими кохи раёсати ҷумҳурӣ буд, оташ гушуданд ва сипас он маҳалро ба муҳосира дароварданд.

Ҳусиҳо ҳамчунин пештар Аҳмад Аваз бини Муборак, раиси дафтари раиси ҷумҳурии Яманро рабуданд, ки озими ҷаласаи тадвини Қонуни асосии тозаи ин кишвар буд.

Сарони ҳусиҳо мегӯянд мухолифи пешнависи Қонуни асосии тозаи Яман ҳастанд, ки қарор аст дар он тақсими кишвар ба шаш минтақаи федерол тазмин шавад.

Рӯзи чаҳоршанбе ҳусиҳо бо имзои тавофуқе бо давлат пазируфтанд, ки дар сурати афзоиши ҳузури нерӯҳои вафодор ба онҳо дар давлат ба муҳосираи кохи раёсати ҷумҳурӣ поён медиҳанд ва раиси дафтар оқои Ҳодиро озод мекунанд. Аммо то поёни рӯзи панҷшанбе ба ҳеҷ як аз ваъдаҳои худ амал накарданд.

Ба гуфтаи хабарнигорон, истеъфои раиси ҷумҳурии Яман метавонад ин кишварро ба сӯйи бесуботии бештар савқ диҳад.

Матолиби муртабит