Инфиҷор дар баробари донишкадаи пулис дар Яман даҳҳо нафарро кушт

  • 7 Январ, 2015
Image copyrightReuters
Image caption Худрави бумбгузоришуда дар баробари донишкадаи пулис дар Санъо мунфаҷир шуд

Инфиҷори як худрави бумбгузоришуда дар пойтахти Яман даҳҳо кушта ва захмӣ барҷой гузоштааст.

Рӯзи чаҳоршанбе, 17 дай (7 январ) бумби нерӯманде дар баробари донишкадаи пулис дар шаҳри Санъо мунфаҷир шуд ва ба гуфтаи мақомоти маҳаллӣ дастикам сӣ нафарро кушт ва беш аз панҷоҳ тани дигарро захмӣ кард.

Шуморе аз донишҷӯёни донишкада ва довталабоне, ки барои сабти ном ҷиҳати озмуни вурудӣ дар муқобили сохтмон саф кашида буданд ва ҳамчунин раҳгузарон аз ҷумлаи қурбониёни ин инфиҷор будаанд. Шоҳидони айнӣ гуфтаанд ки садои ин инфиҷор дар нуқоти мухталифи шаҳри Санъо шунида шуд ва аз маҳали вуқуъи он дуди ғализе ба осмон бархост.

Тасовире, ки аз саҳнаи инфиҷор дар расонаҳои иҷтимоӣ мунташир шуда лошаи мунҳадими худрави ҳомили бумб ва захмиҳо ва кушташудагони ҳодисаро дар маҳали инфиҷор нишон медиҳад.

То кунун ҳеч шахс ё гурӯҳе масъулияти ин бумбгузориро бар уҳда нагирифта, аммо Яман аз замони ҳаракати эътирозӣ дар соли 2011 ва канорагирии Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ, раиси ҷумҳурии вақт дар авоили соли 2012 шоҳиди афзоиши ноамнӣ ва хушунат ва даргирии фирқаӣ ҳамроҳ бо дудастагӣ аз ҷумла дар суфуфи нерӯҳои мусаллаҳ будааст.

Ба хусус аз моҳи сентябр ва вуруди шибҳинизомиёни мусаллаҳи Ҳусӣ ба пойтахт ва тасаллути онҳо бар бахшҳое аз шаҳр мавориди мутаъаддиде аз бумбгузорӣ, тирандозӣ ва террури афрод гузориш шудааст. Аз он замон байни ҳусиҳо ва нафароти мусаллаҳи қабоили суннӣ ва нерӯҳои гурӯҳи Алқоъидаи шибҳҷазираи Арабистон, ки як гурӯҳи тундрави суннӣ аст, даргириҳои хунине буруз кардааст.

Image copyrightAP
Image caption Тассаллути ҳусиҳо бар Санъо вокуниши хушунатомези мухолифони ин гурӯҳро дар пай доштааст

Ташаккули ҳусиҳо, ки худро гурӯҳи "Ансоруллоҳ" ва "Шабобулмуъмин" ҳам мехонанд, як гурӯҳи шӯришии зайдимазҳаб аст, ки беш аз бист сол пеш ташкил шуд ва ҳадафи худро муқобала бо табъиз алайҳи пайравони фирқаи зайдия эълом кардааст. Аз зайдия ба унвони яке аз фирқаҳои шиъа ном мебаранд ва бахши қобили таваҷҷуҳе аз мардуми Яман пайрави ин ойин ҳастанд.

Мақомоти яманӣ Эронро ба ҳимояти молӣ ва низомӣ аз шӯришиёни Ҳусӣ муттаҳам сохта ва расонаҳои давлатӣ дар Ҷумҳурии Исломӣ низ мутақобилан гурӯҳҳои тундрави суннӣ дар Яманро таҳти ҳимояти Арабистони Саъудӣ ва Омрико муаррифӣ кардаанд, ҳарчанд мавозеъи гурӯҳи Алқоъидаи шибҳҷазираи Араб дар мавориде ҳадафи ҳамалоти ҳавоии Омрико қарор гирифта ва давлати Омрико барои ҳимоят аз артиши Яман дар муқобала бо ин гурӯҳ кумакҳои молӣ ва низомӣ дар ихтиёри ин кишвар қарор медиҳад.

Мунтақидони ҳусиҳо гуфтаанд, ки ин гурӯҳ дар назар дорад бо гартабардорӣ аз Ҳизбуллоҳи Лубнон , аз тариқи иттако ба ҳимояти Эрон ба як қудрати низомӣ ва сиёсии Яман табдил шавад, ҳарчанд раҳбарони ин гурӯҳ чунин иттиҳомеро рад мекунанд. Дар муқобил , тарафдорони ҳусиҳо мегӯянд, ки ин гурӯҳ пас аз вуруд ба Санъо, тамоюли худро ба фаъолият дар саҳнаи сиёсии Яман ва даст кашидан аз иқдомоти мусаллаҳона алайҳи давлат иброз кардааст. Бо вуҷуди ин тасаллути ҳусиҳо бар пойтахт ва сахтгирии мазҳабии афроди мусаллаҳи онҳо вокуниши манфии гурӯҳҳои тарафдори демукросӣ дар Яманро ба ҳамроҳ доштааст.

Илова бар ҳусиҳо ва Алқоъида Яман бо ҳаракати ҷудоиталаби бахши ҷанубии ин кишвар низ мувоҷеҳ аст. Ин бахш аз Яман то соли 1990 бо номи Ҷумҳурии демукротики халқи Яман ё Адан, як кишвар мустақил буд, аммо дар он сол ҳар ду бахши Яман дар ҳам идғом шуда ва кишвари воҳидиро падид оварданд .

Матолиби муртабит