Бумбгузори интиҳорӣ дастикам чиҳил нафарро дар Санъо кушт
Image copyrightReutersЯк бумбгузори интиҳорӣ дар Санъо, пойтахти Яман, дастикам 40 нафар аз ҷумла теъдоде кӯдакро кушт ва шумори дигареро маҷрӯҳ кард.
Ин воқеъа рӯзи панҷшанбе рӯй дод ва бумбгузори интиҳорӣ маводди мунфаҷираи ҳамроҳи худро дар посгоҳи исту бозрасии майдони Таҳрири Санъо, ки тарафдорони шибҳнизомиёни ҳусӣ дар он гирд омада буданд, мунфаҷир кард.
Ҳанӯз ҳеҷ фард ё гурӯҳе масъулияти бумбгузории рӯзи панҷшанберо бар уҳда нагирифтааст.
Пештар Абдулмалик Ҳусӣ, раҳбари шибҳнизомиёни ҳусӣ дар Яман, бо радди номзади пешниҳодии раиси ҷумҳурӣ барои ташкили кобина, ҳаводоронашро ба идомаи тазоҳурот фаро хонда буд.
Раҳбари ҳусиҳо рӯзи чаҳоршанбе дар як суханронии телевизиюнӣ гуфт тазоҳурот дар Санъо бо ҳадафи "тасҳеҳи ин хато" сурат мегирад.
Ба гуфтаи раҳбари ҳусиҳо, раиси ҷумҳурии Яман бидуни касби мувофиқати ҳамаи гурӯҳҳои сиёсӣ, Аҳмад Аваз бини Муборакро барои тасаддии симати нахуствазирӣ баргузида ва ин тасмимро "пас аз мулоқот бо сафири Омрико" иттихоз кардааст.
Ҳусиҳо, ки худро Ансоруллоҳ муъаррифӣ мекунанд, нахуствазири тозаро "сарсупурдаи Омрико" меноманд.
Ҳусиҳо, ки ағлаб шиъиёни зайдӣ ҳастанд, мегӯянд бо дахолати кишварҳои хориҷӣ дар умури Яман мухолифанд, аммо гурӯҳҳои мухолиф ононро ба иртибот бо ҳукумати Эрон муттаҳам мекунанд.
Расонаҳои ҳамагонии наздик ба ҳукумат дар Эрон ҳам дар гузоришҳои худ аз ҳусиҳо ҳимоят мекунанд.
