Ҳамлаи интиҳорӣ ба вазорати дифоъи Яман 20 кушта барҷой гузошт

  • 5 Декабр, 2013

Дар ҷараёни як ҳамлаи интиҳорӣ ба сохтмони вазорати дифоъ дар Санъо, пойтахти Яман, дастикам 20 нафар кушта ва 30 нафари дигар маҷрӯҳ шуданд.

Гуфта шуда шуморе аз ҳамлакунандагон ҳам дар даргирӣ бо нерӯҳои амниятӣ кушта шуданд.

Гузоришҳои дарёфтӣ аз вазорати иттилоъоти он кишвар ҳокист ҳамзамон бо инфиҷори бумбе, ки дар дохили як худрав кор гузошта шуда буд, гурӯҳе мусаллаҳ, ки унифурми артишро ба тан доштанд, иқдом ба тирандозӣ ба сӯйи дарҳои вурудии сохтмони вазорати дифоъро карданд.

То кунун ҳеҷ гурӯҳе масъулияти ин ҳамларо бар уҳда нагирифтааст, аммо пайкорҷӯёни Алқоъида мустақар дар нимҷазираи Арабистон пеш аз ин ҳамалоте мушобеҳ дар он кишвар анҷом додаанд.

Ба гуфтаи шоҳидони айнӣ дуди ношӣ аз ин инфиҷор аз сохтмони вазорати дифоъ дар минтақаи "Бобуляман" дар мадхали бахши қадимии шаҳри Санъо дида мешавад ва садои инфиҷор садҳо килуметр дуртар шунида шудааст.

Хабаргузории "Руйтерз" ба нақл аз яке аз манобеъи амниятӣ гуфтааст: "Ин ҳамла андаке баъд аз шурӯъи соъати кории вазорати дифоъ сурат гирифт."

Мақомот гуфаанд дар пайи наздик шудани худраве авал ба мадхали вурудии сохтмон, худраве дувум, ки сарнишинони он мусаллаҳ буданд ба сӯйи сохтмон оташ гушуданд.

Бар асоси гузоришоти таъйиднашуда, бемористони низомии мустақар дар ин сохтмон ҳам ҳадафи афроди мусаллаҳ қарор гирифта, аммо мақомот гуфтаанд, ки авзоъ дар ҳоли ҳозир таҳти кунтрул аст.

Матолиби муртабит