Дар ду ҳамлаи ҷудогона ба нерӯҳои амниятӣ дар Яман 30 нафар кушта шуданд

Ба гуфтаи манобеъи амниятии Яман, дар ҷараёни ду ҳамлаи ҷудогона ба нерӯҳои амниятӣ дар ҷануби ин кишвар дастикам 30 нафар кушта шуданд.
Бар асоси гузоришҳои дарёфтӣ, инфиҷор дар ду худраве бумбгузоришуда дар пойгоҳе низомӣ дар устони Шабва ба кушта шудани 20 нафар ва маҷрӯҳ шудани шуморе дигар мунҷар шуд.
Ҳамлаи дувум тавассути мардони мусаллаҳ дар шаҳри Майфаъ сурат гирифт, ки 10 кушта бар ҷой гузошт.
Давлати Яман пайкорҷӯёни вобаста ба Алқоъидаи нимҷазираи Арабро омили ин ҳамалот медонад.
Ин пайкорҷӯён ағлаб аҳдофи низомиро мавриди ҳамла қарор медиҳанд.
Ба гузориши хабаргузории Руйтерз, бумби аввал дар ҳоле ки ронандаи худрав қасд дошт вориди ин пойгоҳ шавад, дар байни сарбозон мунфаҷир шуд ва бумби дувум дар дохили пойгоҳ мунфаҷир шуд.
Омрико ин шохаи Алқоъидаро яке аз хатарноктарин гурӯҳҳо дар ҷаҳон медонад.
Алқоъидаи нимҷазираи Араб дар январи 2009 ва бо пайвастани аъзои Алқоъида дар Яман ва Арабистони Саъудӣ ташкил шуд.
