Алқоъида масъулияти ҳамла ба вазорати дифоъи Яманро бар уҳда гирифт

Шохаи Алқоъида дар нимҷазираи Арабистон бо интишори баёнияе масъулияти ҳамла ба сохтмонҳои вазорати дифоъ дар Санъо, пойтахти Яманро бар уҳда гирифтааст.
Дар ҷараёни ҳамлаи интиҳории рӯзи гузашта беш аз 50 нафар кушта ва теъдоди зиёде маҷрӯҳ шуданд.
Дар байни кушташудагон шуморе аз кодри пизишкӣ ва теъдоде хориҷӣ дида мешаванд.
Рӯзи гузашта ҳамзамон бо инфиҷори бумбе, ки дар дохили як худрав кор гузошта шуда буд, гурӯҳе мусаллаҳ, ки юнифурми артиш ба тан доштанд, ба сӯйи дарҳои вурудии сохтмони вазорати дифоъ тирандозӣ карданд.
Алқоъида дар баёнияи худ дар тавҷеҳи ҳамла ба сохтмонҳои вазорати дифоъ гуфтааст ин сохтмонҳо ба ин далел, ки мизбони нерӯҳои омрикоӣ аст, ҳадафи ҳамла қарор гирифт. Дар ин баёния нерӯҳои омрикоии масъули ҳамалоти ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин алайҳи пайкорҷӯён хонда шудаанд.
Омрико, ки шохаи Алқоъида дар нимҷазираи Арабистонро хатарноктарин шабакаи ҷиҳодии исломгаро медонад, ҳамалоти ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини худро дар соли ҷорӣ алайҳи аҳдофи онҳо шиддат бахшидааст.
Ин ҳамла дар ҳоле сурат гирифта, ки вазири дифоъи Яман дар ҳоли дидор аз Омрико аст.
Омрико ин ҳамларо маҳкум карда ва сухангӯйи муъовини вазорати кишвар гуфтааст, ки хабаре дар бораи талафоти эҳтимолии шаҳрвандони омрикоӣ дар ҷараёни ин ҳамла дарёфт накардааст.
Бар асоси гузорише, ки дидабони ҳуқуқи башар дар моҳи октябр мунташир кард ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини омрикоӣ аз соли 2009 80 амлиёт алайҳи пайкорҷӯёни Алқоъида дар Яман анҷом доданд, ки дар ҷараёни ин ҳамалот беш аз 400 нафар кушта шуданд..
